Роҳи пурхатари самти Хоруғ ва Хуҷанд: БДА бо ронандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронд

© Фото : УВД Ошкской области КыргызстанаСпасатели откапывают машины
Спасатели откапывают машины  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2022
Обуна шудан
Ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ кормандони КҲФ бо ронандагони таксӣ, ки ба роҳи дур мусофиркашонӣ мекунанд, суҳбат гузарониданд
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Кормандони КҲФ дар якҷоягӣ бо намояндагони БДА ВКД бо мақсади бартараф намудани сабабҳои садама ва беҳтар намудани бехатарии ҳаракат дар роҳ, махсусан ҳангоми истифодаи ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ дар байни ронандагони таксиҳо шарҳу тавзеҳеро ироа карданд.
Ҳамин тариқ рӯзи 28-уми январ бо истифода аз мошини махсуси таблиғотӣ дар истгоҳҳои таксӣ, ки ба шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Рашт - Лахш, Кӯлоб ҳаракат мекунанд, ба ронандагону мусофирон дар бораи ҳолати роҳҳои кӯҳӣ дар фасли зимистон, ҳодисаҳои садамаҳои нақлиётӣ наворҳо намоиш дода шудаанд.
Кормандони БДА дар бораи риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва меъёри суръат тавсия доданд, афзуданд дар КҲФ.
Туман в горах, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Меғ мефарояду яхбандӣ мешавад: тавсияҳои КҲФ барои эмин мондан аз хатарҳо
Онҳо хотиррасон кардаанд, ки ҳангоми гузаштан аз қитъаҳои тармафароии роҳ ҳушёр бошанду ҳангоми рух додани садама дарҳол ба воҳиди навбатдории КҲФ дар тамос шаванд.
Инчунин КҲФ дар бораи нишонаҳои бемории "COVID-19", оид ба пешгирии сирояти коронавирус, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ наворҳоеро намоиш дод.
Пештар КҲФ аз фаромадани меғ ва яхбандӣ ҳушдор дода буд. Бино ба гузориши ин ниҳод, аз 30 феврал то 1 феврал ҳаво номусоид боқӣ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0