https://sputnik.tj/20220129/afzoishi-tavallud-dar-khona-dar-viloyati-khatlon--1045326118.html
Афзоиши таваллуд дар хона дар вилояти Хатлон
Афзоиши таваллуд дар хона дар вилояти Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Соли 2021 дар вилояти Хатлон наздики ду ҳазор зан дар хона таваллуд кардаанд, ки ин рақам нисбат ба соли 2020-ум 620 ҳолат зиёд аст
2022-01-29T21:00+0500
2022-01-29T21:00+0500
2022-01-31T17:56+0500
дар тоҷикистон
навзод
таваллуд
хона
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/05/1032952084_0:0:3258:1833_1920x0_80_0_0_60224b90e8fbe28fa9ddc818600465ea.jpg
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Гулбаҳор Зарипова, мудири Маркази солимии репродуктиви вилояти Хатлон дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Фараж” иттилоъ додааст, ки соли гузашта тавалуди хонагӣ бештар дар ноҳияи Вахш 207, Ховалинг 271, Ҷалолиддини Балхӣ 180 ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 125 ҳолати ба қайд гирифта шудааст.Вай афзуд, ки соли гузашта дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 995 нафар зан дар хона таваллуд кардаанд ва соли 2020 бошад, ин рақам 1 ҳазору 375 ҳолатро ташкил медод, яъне 620 ҳолати таваллуд дар хона зиёд шудааст.Ҳамчунин ин шахси масъул омили зиёд шудани таваллуди хонагӣ дар ноҳияи Вахшро ба таъмир нашудани шуъбаи тавалуди беморхонаи марказии ноҳия рабт додааст.Тибқи иттилои сомонаи “Фараж”, таваллуд дар беморхонаҳо ройгон аст, аммо сокинон бештар аз он шикоят мекунанд, ки дар аксари ҳолат баъди таваллуди тифл дар беморхонаҳо аз онҳо маблағ талаб мекунанд.Манбаъ хулоса кардааст, ки шояд ба ҳамин далел таваллуд дар хонаҳо афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20220114/tavallud-sharoit-khona-nohiya-shamsiddini-shohin-1044809468.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/05/1032952084_366:0:3097:2048_1920x0_80_0_0_4a59cd82f92893ec072f77b9123c884d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон таваллуд, хона, афзоиш
тоҷикистон, хатлон таваллуд, хона, афзоиш
Афзоиши таваллуд дар хона дар вилояти Хатлон
21:00 29.01.2022 (Навсозишуда: 17:56 31.01.2022) Соли 2021 дар вилояти Хатлон наздики ду ҳазор зан дар хона таваллуд кардаанд, ки ин рақам нисбат ба соли 2020 620 ҳолат зиёд аст
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Гулбаҳор Зарипова, мудири Маркази солимии репродуктиви вилояти Хатлон дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Фараж” иттилоъ додааст, ки соли гузашта тавалуди хонагӣ бештар дар ноҳияи Вахш 207, Ховалинг 271, Ҷалолиддини Балхӣ 180 ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 125 ҳолати ба қайд гирифта шудааст.
Вай афзуд, ки соли гузашта дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 995 нафар зан дар хона таваллуд кардаанд ва соли 2020 бошад, ин рақам 1 ҳазору 375 ҳолатро ташкил медод, яъне 620 ҳолати таваллуд дар хона зиёд шудааст.
“Соли гузашта дар вилояти Хатлон 89 ҳазору 65 ҳолати таваллуди тифлон ба қайд гирифта шуд, ки дар соли 2020-ум 98 ҳазору 759 ҳолатро ташкил медод”, - қайд кард хонум Зарипова.
Ҳамчунин ин шахси масъул омили зиёд шудани таваллуди хонагӣ дар ноҳияи Вахшро ба таъмир нашудани шуъбаи тавалуди беморхонаи марказии ноҳия рабт додааст.
Тибқи иттилои сомонаи “Фараж”, таваллуд дар беморхонаҳо ройгон аст, аммо сокинон бештар аз он шикоят мекунанд, ки дар аксари ҳолат баъди таваллуди тифл дар беморхонаҳо аз онҳо маблағ талаб мекунанд.
Манбаъ хулоса кардааст, ки шояд ба ҳамин далел таваллуд дар хонаҳо афзоиш ёфтааст.