Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Вакили Русия: СААД наметавонад ба мухолифати Тоҷикистону Қирғизистон дахолат кунад

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкЧлен президиума ЦК КПРФ Леонид Калашников
Член президиума ЦК КПРФ Леонид Калашников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Обуна шудан
Раиси кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури Иттиҳоди давлатҳои мустақил назарашро дар мавриди вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баён дошт
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ наметавонад ба мухолифат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дахолат кунад, изҳор дошт Леонид Калашников, роҳбари кумитаи Думаи давлатӣ дар умури ИДМ ва ҳамгироии АвруОсиё.
Калашников дар суҳбат бо РИА "Новости" зикр намудаст, ки Тоҷикистону Қирғизистон узви СААД мебошанд ва ин созмон дахолат карда наметавонад.
"Дар зимн ман умед дорам, ки ин масоил бо ҷалби миёнаравҳое аз Русия ҳал мешаванд, аммо барои ин бояд ҳарду ҷониб чунин хоҳиш кунанд", - таъкид намуд вакил.
Ӯ таъкид намудаст, ки дар чунин қазияҳо ҷонибдори тарафе нест ва зикр намуд, ки пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ маҳз аз мухолифатҳо дар заминаҳои этникӣ дар Қарабоғ, Гурҷистон оғоз шуданд. Вай афзуд, ки то ҳол низ ин мушкилот ҳал нашудаанд.
Калашников дар зимн равандҳои ҳамгироиро яке аз роҳҳои ҳалли мухолифатҳо хондааст.
"Ба ёд оред, Олмон ва Фаронса сари Рур баҳс доштанд. Аммо айни ҳол дар доираи ҳамгироӣ ин мушкил фаромӯш шуд. Ин роҳи ҳалли мушкилот аст", - илова намуд Калашников.
Флаги стран-участников ШОС. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Муросо кунед: Муроҷиати Бахши зиддитеррористии СҲШ ба Тоҷикистону Қирғизистон
Ин дар ҳолест, ки ахиран Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай бо нигаронӣ аз ташаннуҷи вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷонибҳоро ба муросокорӣ ва қатъи истифодаи силоҳ даъват намуданд.
Душанбе ва Бишкек якдигарро дар даргирии мусаллаҳонаи рӯзи 27-уми январ муттаҳам мекунанд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, мегӯяд, дар пайи муноқиша дар марз ду сокини мулкӣ кушта ва 10 нафар, аз ҷумла 6 низомӣ ва 4 мулкӣ ҷароҳат бардоштаанд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, бар асари таркиши гулӯлаи минамёт ду сокини мулкӣ, яке дар хонааш ва дигаре ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ дар худраваш ҷон бохтаанд.
Ҷониби Қирғизистон аз маҷруҳ шудани 11 низомӣ хабар дода, афзудааст, ки осебдидаҳо миёни сокинони мулкӣ нест.
Лентаи хабарҳо
0