Тоҷикистон бо як ширкати туркӣ корхонаи муштараки дорусозӣ бунёд мекунад

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкВ лаборатории, архивное фото
В лаборатории, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Обуна шудан
Намояндагии "Nobel Pharmsanoat" аллакай дар Тоҷикистон кушода шудааст
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Тоҷикистон ва ширкати туркии "Nobel Pharmsanoat" корхонаи муштараки дорусозӣ бунёд мекунанд.
Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни боздид аз ширкати истеҳсолии дорусозии "Nobel Pharmsanoat" иттилоъ додааст.
Ӯ дар суҳбат бо мудири кулли ин ширкат Кюршат Женк Четин вохӯрда, ҳамин масъаларо матраҳ кардааст, хабар медиҳад сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкории миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати "Nobel Pharmsanoat"-и Узбекистон изҳори назар намуданд.
"Раҳмонзода дар бораи Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имконияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод ва даъват намуд, ки ҷиҳати таъсиси корхонаи муштараки дорусозӣ иқдом гирифта шавад", - омадааст дар хабар.
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
"Ҳукуматдорро сараш дард кунад, хориҷа медавад": Раҳмон дар бораи бойсозии бегонагон
Четин дар навбати худ барои дастгирии сафорат дар ифтитоҳи намояндагии "Nobel Pharmsanoat" Тоҷикистон изҳори сипос гуфтааст.
Ӯ рушди ҳамкориро бо Тоҷикистон афзал шуморидааст.
Ширкати "Nobel Pharmsanoat" соли 1964 дар Туркия таъсис ёфтааст.
Феълан панҷ корхонаи бузурги истеҳсолии он дар Туркия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон фаъолият менамоянд.
Ширкати мазкур кори худро дар Ӯзбекистон аз соли 2003 шуруъ намуда, ба истеҳсоли 150 навъи доруи муосир мутобиқи стандартҳои байналмилалии GMP машғул шуда, онҳоро ба бозори дохилӣ савдо ва ба хориҷ содир менамояд.
Лентаи хабарҳо
0