https://sputnik.tj/20220128/qirghiziston-afzoish-tedod-zarardidagon-marz-1045296723.html
Қирғизистон аз афзоиши теъдоди осебдидагон дар марз гуфт
Қирғизистон аз афзоиши теъдоди осебдидагон дар марз гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, ҳамаи осебдидаҳои даргирии ахири марзӣ ба беморхонаи вилоятии Бодканд интиқол дода шуданд
2022-01-28T15:30+0500
2022-01-28T15:30+0500
2022-01-28T15:30+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
қирғизистон
осиёи марказӣ
даргирӣ
миномёт
марз
сарҳади тоҷикистону қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102630/95/1026309546_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_76265c7e4b28efd0e3100a587ccd89cb.jpg
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Мақомоти тандурустии Қирғизистон теъдоди осебдидаҳо дар даргирии ахири марзӣ бо Тоҷикистонро 12 нафар гуфтанд. Қаблан аз ҷароҳати 11 нафар хабар дода шуд. Ба ҳолати нисфирӯзи 28-уми январ 12 осебдида дар беморхона бистарӣ гардидаанд, хабар дод Sputnik Қирғизистон аз қавли мақомоти тандурустии ин кишвар. Қаблан мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ҳамаи осебдидаҳо дар даргирии марзӣ низомиён мебошанд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, мегӯяд, дар пайи муноқиша дар марз ду сокини мулкӣ кушта ва 10 нафар, аз ҷумла 6 низомӣ ва 4 мулкӣ ҷароҳат бардоштаанд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, бар асари таркиши гулӯлаи минамёт ду сокини мулкӣ, яке дар хонааш ва дигаре ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ дар худраваш ҷон бохтаанд.КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, муноқиша баъди он сар зад, ки 27 январ як гурӯҳи шаҳрвандон аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони шӯрои деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд. Мошин ба деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарронии мусаллаҳона табдил ёфт.Дар ҳамин ҳол, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баста шудани қисмате аз шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро сабаби муноқиша донистааст. Дар Бишкек иддао доранд, ки оташро ҷониби Тоҷикистон боз кардааст.Душанбе низ дар навбати худ Қирғизистонро ба истифода аз силоҳи миномётӣ аз ҷумла зидди аҳолии осоишта муттаҳам кард.Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ шуда, ҷонибҳо эълон доштанд, ки таҳқиқи қазия идома дорад.
https://sputnik.tj/20220128/toshiev-natija-muzokirot-tojikiston-chi-hosil-1045294874.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102630/95/1026309546_279:0:1000:541_1920x0_80_0_0_2a02a8da73e6798012a6eb7b45980894.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, афзоиш, теъдод, осебдидагон
қирғизистон, афзоиш, теъдод, осебдидагон
Қирғизистон аз афзоиши теъдоди осебдидагон дар марз гуфт
Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, ҳамаи осебдидаҳои даргирии ахири марзӣ ба беморхонаи вилоятии Бодканд интиқол дода шуданд
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Мақомоти тандурустии Қирғизистон теъдоди осебдидаҳо дар даргирии ахири марзӣ бо Тоҷикистонро 12 нафар гуфтанд. Қаблан аз ҷароҳати 11 нафар хабар дода шуд.
Ба ҳолати нисфирӯзи 28-уми январ 12 осебдида дар беморхона бистарӣ гардидаанд, хабар дод Sputnik Қирғизистон аз қавли мақомоти тандурустии ин кишвар.
"Ҳамаи маҷруҳон дар беморхонаи вилоятии Бодканд бо муолиҷа фаро гирифта шудаанд. Вазъи саломатияшон миёна арзёбӣ мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Қаблан мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ҳамаи осебдидаҳо дар даргирии марзӣ низомиён мебошанд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, мегӯяд, дар пайи муноқиша дар марз ду сокини мулкӣ кушта ва 10 нафар, аз ҷумла 6 низомӣ ва 4 мулкӣ ҷароҳат бардоштаанд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, бар асари таркиши гулӯлаи минамёт ду сокини мулкӣ, яке дар хонааш ва дигаре ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ дар худраваш ҷон бохтаанд.
КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, муноқиша баъди он сар зад, ки 27 январ як гурӯҳи шаҳрвандон аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони шӯрои деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд.
Мошин ба деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарронии мусаллаҳона табдил ёфт.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баста шудани қисмате аз шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро сабаби муноқиша донистааст. Дар Бишкек иддао доранд, ки оташро ҷониби Тоҷикистон боз кардааст.
Душанбе низ дар навбати худ Қирғизистонро ба истифода аз силоҳи миномётӣ аз ҷумла зидди аҳолии осоишта муттаҳам кард.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ шуда, ҷонибҳо эълон доштанд, ки таҳқиқи қазия идома дорад.