https://sputnik.tj/20220128/muzokirot-maqomho-tojikiston-qirghiziston-isfara-1045287122.html
Музокирот дар марз: Раҳмонализода аз пешгирии низоъ гуфту Тошиев аз одоби ҳамсоядорӣ
Музокирот дар марз: Раҳмонализода аз пешгирии низоъ гуфту Тошиев аз одоби ҳамсоядорӣ
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз дидори шабона ҷонибҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон сари мизи музокирот нишастаанд 28.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-28T12:06+0500
2022-01-28T12:06+0500
2022-01-28T18:47+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
муноқишаи марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1c/1045286791_0:0:1138:640_1920x0_80_0_0_6dc240592938c17b3ad3afc49493d3ae.jpg
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Мулоқоти гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳоли баргузорист, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.Ба иттилои манбаъ, мулоқоти ҳайатҳо ҳамин ҳоло дар шаҳри Исфара идома дорад.Ҷониби Тоҷикистонро сардори нерӯҳои марзбонии кишвар Раҷабалӣ Раҳмонзода ва ҷониби Қирғизистонро Қамчибек Тошиев, роҳбари Кумитаи амнияти он кишвар роҳбарӣ мекунанд, афзуд манбаъ.Дар музокирот Қамчибек Тошиев изҳор доштааст, ки низоъ бо роҳи мусолиҳатомез ҳал мешавад. "Пос доштани одоби ҳамсоядорӣ муҳим аст ва бояд мардуми наздимарзӣ дар фазои орому осуда зиндагӣ кунанд", - гуфтааст Тошиев.Раҷабалӣ Раҳмонзода, сардори хадамоти марзбонии Тоҷикистон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу субот ва таъмини амният дар хатти марз аст. Дар мулоқот ҳамзамон раисони вилоятҳои Суғду Ботканд ва дигар мақомоти расмӣ ҳузур доранд.Ёдовар мешавем, рӯзи 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаи дигар рух дод, ки боиси даргирии низомиён шуд.Тибқи иттилои расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, он тақрибан соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ оғоз шудааст.Як гурӯҳи шаҳрвандони ношинос аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд.Мошин ба деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарронӣ табдил ёфт.Дар ҳамин ҳол Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баста шудани қисмате аз шоҳроҳи Бодканд - Исфанаро сабаби муноқиша донистааст.Дар Бишкек иддао доранд, ки оташро ҷониби Тоҷикистон боз кардааст.Душанбе низ дар навбати худ Қирғизистонро ба истифода аз хумпораандоз, аз ҷумла зидди аҳолии осоишта муттаҳам кард.Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон кардаанд.Дар пайи муноқиша шабона ҷонибҳо сари мизи музокира нишаста, эълони оташбас карданд.Ба иттилои расмӣ, дар ин муноқиша аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардид, ки аз онҳо 6 нафар низомӣ ва 4 нафар сокини мулкӣ гуфта мешавад. Ҳамчунин ду нафари дигар фавтидааст.
https://sputnik.tj/20220128/tojikiston-qirghiziston-munoqisha-marz-1045282326.html
https://sputnik.tj/20220128/ronandai-yori-tajili-qurboni-munoqishai-1045281571.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1c/1045286791_84:0:1095:758_1920x0_80_0_0_23493756b11d02a8bafae6e06c0def1a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қирғизистон, муноқишаи марзӣ
дар тоҷикистон, қирғизистон, муноқишаи марзӣ
Музокирот дар марз: Раҳмонализода аз пешгирии низоъ гуфту Тошиев аз одоби ҳамсоядорӣ
12:06 28.01.2022 (Навсозишуда: 18:47 28.01.2022) Пас аз дидори шабона ҷонибҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон сари мизи музокирот нишастаанд
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Мулоқоти гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳоли баргузорист, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти ҳайатҳо ҳамин ҳоло дар шаҳри Исфара идома дорад.
Ҷониби Тоҷикистонро сардори нерӯҳои марзбонии кишвар Раҷабалӣ Раҳмонзода ва ҷониби Қирғизистонро Қамчибек Тошиев, роҳбари Кумитаи амнияти он кишвар роҳбарӣ мекунанд, афзуд манбаъ.
Дар музокирот Қамчибек Тошиев изҳор доштааст, ки низоъ бо роҳи мусолиҳатомез ҳал мешавад.
"Пос доштани одоби ҳамсоядорӣ муҳим аст ва бояд мардуми наздимарзӣ дар фазои орому осуда зиндагӣ кунанд", - гуфтааст Тошиев.
Раҷабалӣ Раҳмонзода, сардори хадамоти марзбонии Тоҷикистон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу субот ва таъмини амният дар хатти марз аст.
"Мардуми наздисарҳадӣ бояд дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунанд. Минбаъд пеши роҳи чунин низоъҳо гирифта шавад",- таъкид кардааст Раҷабалӣ Раҳмонзода.
Дар мулоқот ҳамзамон раисони вилоятҳои Суғду Ботканд ва дигар мақомоти расмӣ ҳузур доранд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаи дигар рух дод, ки боиси даргирии низомиён шуд.
Тибқи иттилои расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, он тақрибан соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ оғоз шудааст.
Як гурӯҳи шаҳрвандони ношинос аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд.
Мошин ба деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарронӣ табдил ёфт.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баста шудани қисмате аз шоҳроҳи Бодканд - Исфанаро сабаби муноқиша донистааст.
Дар Бишкек иддао доранд, ки оташро ҷониби Тоҷикистон боз кардааст.
Душанбе низ дар навбати худ Қирғизистонро ба истифода аз хумпораандоз, аз ҷумла зидди аҳолии осоишта муттаҳам кард.
Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон кардаанд.
Дар пайи муноқиша шабона ҷонибҳо сари мизи музокира нишаста, эълони оташбас карданд.
Ба иттилои расмӣ, дар ин муноқиша аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардид, ки аз онҳо 6 нафар низомӣ ва 4 нафар сокини мулкӣ гуфта мешавад. Ҳамчунин ду нафари дигар фавтидааст.