Мендкович: Ҳалли мухолифати марзии Тоҷикистону Қирғизистон бидуни довар ғайриимкон аст

Обуна шудан
Ба ҳалли мухолифатҳои марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҷалби довар муҳим аст, изҳор дошт роҳбари бошгоҳи таҳлилии "АвруОсиё"
Барои ҳалли мухолифати марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҷалби СААД ва ташкили ҳайати низомии назоратӣ муҳим аст, изҳор дошт Никита Мендкович, сиёсатшинос, роҳбари бошгоҳи таҳлилии "АвруОсиё".
Мендкович дар суҳбат бо Sputnik зарур донист, аломатгузории марз ҳарчи зудтар сурат гирад.
"Чунин масъалаҳо ҳалшавандаанд. Тавре таҷриба бо Ӯзбекистон нишон медиҳад, сарфи назар аз мухолифатҳои тӯлонӣ, ки то марзбандӣ меовард, соли 2017-ум ҳудуди 85 дарсади масоили баҳсӣ ҳал шуданд", - гуфт коршинос.
Ба ақидаи Мендкович, Душанбе ва Бишкек талоши кофие барои муросокорӣ анҷом намедиҳанд.

"Такя ба ташаннуҷи миллатгароию татбиқи силоҳ дар марз мекунанд", - нигаронӣ намуд ӯ ва афзуд, - "айби сиёсатмадорон аст, ки тайи солҳои зиёд натавонистанд хунрезиро хотима диҳанд".

Таҳлилгар муътақид аст, ки дар марҳилаи кунунӣ ҳалли мухолифат бидуни довари хориҷӣ ғайриимкон аст ва феълан нақши онро метавонад СААД ва Маскав дошта бошанд. Аммо иродаи на Бишкек ва на Душанбе барои қабули чунин доварӣ то ҳол зоҳир нашудааст.
Переговоры на границе Таджикистана и Киргизстана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Музокираи Тоҷикистону Қирғизистон бар сари баҳсҳои марзӣ идома меёбад
Мендкович тавзеҳ дод, ки ҷонибҳо дар ҳузури Русия танҳо дар сурати ҳалли қазия ба манфиати худ омодаанд, на барои ҳалли боадолатонаи он.
Коршинос таъкид намуд, ки ҳич гуна сиёсат арзиши ҳаёти инсониро надорад, ки барои қисматҳои замини марзӣ рехта мешавад.
"Ин мушкилро метавон тариқи иштироки ҳуқуқӣ, гуфтушунид, доварӣ ҳал кард. Иродаи сиёсӣ зарур аст, то нақши бозигарони дохилию хориҷӣ кам шавад, ки хунрезиҳоро дар марзро ба манфиаташон истифода набаранд", - тавзеҳ дод ӯ.
Мендкович дар ҳоли ҳозир иқдоми қотеонаро талаб кард, то аз хунрезиҳо дар оянда ҷилавгирӣ шавад.
Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод, ки дар натиҷа аз ҳар ду ҷониб беш аз 20 нафар маҷруҳ шуданд. Дар ин муноқиша инчунин ду сокини мулкии Тоҷикистон аз зарби хумпораандози ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расиданд.
Душанбе ва Бишкек ҳамдигарро дар ташаннуҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 520 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марзӣ мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мегардад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.
Лентаи хабарҳо
0