https://sputnik.tj/20220128/duzdii-kabeli-tojiktelekom-dar-rushon-1045291515.html
Дуздии кабели "Тоҷиктелеком" дар Рӯшон
Дуздии кабели "Тоҷиктелеком" дар Рӯшон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, кабели ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" дар ноҳияи Рӯшон дуздида шудаст. Муттаҳам дастгир гардид
2022-01-28T13:40+0500
2022-01-28T13:40+0500
2022-01-28T19:27+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дуздӣ
телефон
коркарди мис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103014/85/1030148569_0:1374:2047:2525_1920x0_80_0_0_48672be09e4e302b1b7ac83fbb179f66.jpg
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Марди 52-сола, сокини ноҳияи Рӯшон ба идораи милиса муроҷиат карда, аз дуздии ҳудуди 750 метр кабели телефон хабар додааст. Ба иттилои ВУД, муроҷиаткунанда арз доштааст, ки шаби 14 ба 15-уми январи соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди қитъаи техникӣ, ноқилҳои телефони ширкати "Тоҷиктеллеком" -ро дуздидаанд. Манбаъ афзуд, ки зарари расонда дар пайи дуздии 750 метр ноқили навъи ТПП 200х2 ҳудуди 67 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад. "Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд", - омадааст дар итилоия. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тақиқот идома дорад. Ин дар ҳолест, қаблан низ масъулони "Тоҷиктелеком", ки ба таъмини телефонҳои хонагӣ дар Тоҷикистон машғул мебошад, аз ҳолатҳои дуздии ноқилҳо нигаронӣ карда буд. Солҳои охир талабот ба телефонҳои хонагӣ коҳиш ёфтааст, аммо ҳолатҳои дуздии кабелҳои телефон ҷой доранд. Далели таваҷҷуҳ ба кабелҳои телефон миси дохили он гуфта мешавад, ки миёни тоҷирони металфурӯш талаботи зиёд дорад.
https://sputnik.tj/20220106/duzdi-rohzani-avboshi-qallobi-guzorish-milisa-1044630868.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103014/85/1030148569_0:1182:2047:2717_1920x0_80_0_0_c9884230d98ce600691b9986b0087475.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дуздӣ, кабел, тоҷиктелеком, рӯшон, ноқил
дуздӣ, кабел, тоҷиктелеком, рӯшон, ноқил
Дуздии кабели "Тоҷиктелеком" дар Рӯшон
13:40 28.01.2022 (Навсозишуда: 19:27 28.01.2022) Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, кабели ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" дар ноҳияи Рӯшон дуздида шудаст. Муттаҳам дастгир гардидааст
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Марди 52-сола, сокини ноҳияи Рӯшон ба идораи милиса муроҷиат карда, аз дуздии ҳудуди 750 метр кабели телефон хабар додааст.
Ба иттилои ВУД, муроҷиаткунанда арз доштааст, ки шаби 14 ба 15-уми январи соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди қитъаи техникӣ, ноқилҳои телефони ширкати "Тоҷиктеллеком" -ро дуздидаанд.
Манбаъ афзуд, ки зарари расонда дар пайи дуздии 750 метр ноқили навъи ТПП 200х2 ҳудуди 67 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
"Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд", - омадааст дар итилоия.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тақиқот идома дорад.
Ин дар ҳолест, қаблан низ масъулони "Тоҷиктелеком", ки ба таъмини телефонҳои хонагӣ дар Тоҷикистон машғул мебошад, аз ҳолатҳои дуздии ноқилҳо нигаронӣ карда буд. Солҳои охир талабот ба телефонҳои хонагӣ коҳиш ёфтааст, аммо ҳолатҳои дуздии кабелҳои телефон ҷой доранд.
Далели таваҷҷуҳ ба кабелҳои телефон миси дохили он гуфта мешавад, ки миёни тоҷирони металфурӯш талаботи зиёд дорад.