Даргузашти охирин писари Абулқосим Лоҳутӣ дар Маскав

© Facebook/Sonia LahutiДалер Лахути
Далер Лахути - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Обуна шудан
Писари шоири Тоҷикистону Эрон Абулқосим Лоҳутӣ, дар синни 88-солагӣ дунёро падруд гуфт
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Шоми 27-уми январ дар шаҳри Маскав Далер Лоҳутӣ, писари Абулқосим Лоҳутӣ дар синни 88-солагӣ бар асари беморӣ даргузашт.
Дар ин бора бародарзодаи марҳум Феликс Лоҳутӣ дар "Фейсбук" хабар додааст.
“Бародари бузурги падарам, амакам, баъд аз падарам дунёро тарк кард”, - навиштааст Феликс Лоҳутӣ
Ёдовар мешавем, ки соли 2020 писари дигари Лоҳутӣ Гев Лоҳутӣ низ дар 85-солагӣ дар Маскав даргузашта буд.
Далер Лоҳутӣ 26-уми апрели соли 1934 таваллуд шудааст. Ӯ доктори илмҳои техникӣ ва профессор буд. Ӯ мутахассиси варзидаи кибернетика ва ҳуши маснуӣ, файласуфи мантиқдон, забоншинос ва тарҷумони варзида буд. Вай аз зумраи муаллифони асарҳои гаронарзише дар заминаи тарҷумаи матнҳои фалсафӣ маҳсуб мешуд.
Далер Лоҳутӣ хатмкардаи факултаи риёзии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломаносов буд.
Мухаммадюсуф Имомзода, министр образование Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Модари вазири маориф даргузашт
Марҳум соли 1971 дар мавзуи "Арзёбии низомҳои ҷустуҷӯгар" рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.
Оқои Лоҳутӣ аз соли 1998 профессори Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия буд. Ҳамчунин ӯ ба унвони роҳбари Маркази илмиву таълимии таъмини барномавию лингвистии низомҳои интелектуалӣ фаъолият кардааст.
Лоҳутӣ соли 1999 рисолаи докторияшро дар мавзуи "Мушкилоти ақлонӣ кардани низомҳои иттилоотӣ" дар бахши илмҳои техникӣ дифоъ кардааст.
Ӯ "Рисолаи фалсафиву мантиқӣ"-и Людвиг Вингтейнштейн, "Дониши объективӣ"-и Карл Попер ва асарҳои илмӣ, равишшиносӣ ва фалсафии дигарро низ ба русӣ тарҷума кардааст.
Дар ҳоли ҳозир ягона духтари шоир Лайло Лоҳутӣ, эроншиноси варзида, тарҷумони номӣ дар қайди ҳаёт аст ва дар Маскав ба сар мебарад.
Лентаи хабарҳо
0