https://sputnik.tj/20220128/dabir-nato-niyat-rusiya-mavridi-ukraina-1045309618.html
Дабири НАТО гуфт, аз нияти Русия дар мавриди Украина огоҳ нестанд
Дабири НАТО гуфт, аз нияти Русия дар мавриди Украина огоҳ нестанд
Sputnik Тоҷикистон
Дабири НАТО ноогоҳияш аз ниятҳои Русия дар мавриди Украинаро эътироф карда, аз кумакҳо ба Киев суҳбат намуд
2022-01-28T19:40+0500
2022-01-28T19:40+0500
2023-10-02T17:09+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
нато
ҳамлагарон
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1f/1033111015_0:52:1000:615_1920x0_80_0_0_26a3e89200ae2e243f4e4cdb1845577f.jpg
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. НАТО феълан дар бораи нақшаҳои Русия дар мавриди Украина иттилоъ надорад, изҳор дошт дабири ин эътилоф Йенс Столтенберг. "Мо мунтазам вазъро арзёбӣ мекунем, ҳузурамонро баъди соли 2014 таҳким бахшидем ва қарорҳоро вобаста ба вазъият қабул мекунем", - навишт РИА "Новости" аз қавли Столтенберг. Ӯ таъкид намудааст, ҳамоно муътақиданд, ки роҳи беҳтарин дипломатия мебошад. Дар мавриди он ки чӣ гуна кумак барои Украина ироа хоҳад шуд, Столтенберг эътироф намуд, ки дар ин бора миёни аъзои эътилоф назарҳо якхела нестанд. Аммо дар мавриди аъзои НАТО таъкид шудааст, ки тамоми уҳдадориҳо 100% иҷро хоҳанд шуд. Вай дар зимн изҳор дошт, ки эътилоф ҳич нияти ҷой додани воҳидҳои низомӣ дар қаламрави Украинаро надорад. Дар ҳамин ҳол Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия бори дигар таъкид намуд, ки Русия нияти ҳамла ба хоки ҳич ҳамсояашро надорад. Ӯ гуфт, ҳамаи иттиҳомот алайҳи Маскав ба канор бурдани таваҷҷуҳ аз талошҳои Киев барои қатъи роҳҳои мусолиматомези мушкили Донбасс равона шудаанд. Маскав мегӯяд, Ғарб ҳангомасозӣ атрофи "ҳамла" ба Украинаро барои таҳкими ҳузураш дар наздикии марз бо Русия истифода мебарад. Қаблан Маскав лоиҳаи созишномаҳо бо ИМА ва кишварҳои узви НАТО-ро пешниҳод карда буд. Дар ин тарҳҳо бандҳои марбути кафолати тарафайни амниятӣ дар Аврупо, ҷой надодани мушакҳои миёна ва кутоҳпарвоз дар фосилаи дастрасӣ ба қаламрави ҳамдигар, худдорӣ аз васеъ кардани эътилоф, аз ҷумла аз ҳисоби кишварҳои пасошӯравӣ матраҳ шудаанд. Аммо то ҳол музокирот дар мавриди замонати амниятӣ ҳеҷ самаре надодааст.
https://sputnik.tj/20220121/lavrov-guft-rusiya-ba-ukraina-hamla-kardani-nest-1045045857.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1f/1033111015_56:0:944:666_1920x0_80_0_0_2370fd6d634653d3c8966a171ebd7a42.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нато, русия, украина, огоҳ, ният
нато, русия, украина, огоҳ, ният
Дабири НАТО гуфт, аз нияти Русия дар мавриди Украина огоҳ нестанд
19:40 28.01.2022 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Дабири НАТО ноогоҳияш аз ниятҳои Русия дар мавриди Украинаро эътироф карда, аз кумак ба Киев суҳбат намуд
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. НАТО феълан дар бораи нақшаҳои Русия дар мавриди Украина иттилоъ надорад, изҳор дошт дабири ин эътилоф Йенс Столтенберг.
"Мо мунтазам вазъро арзёбӣ мекунем, ҳузурамонро баъди соли 2014 таҳким бахшидем ва қарорҳоро вобаста ба вазъият қабул мекунем", - навишт РИА "Новости" аз қавли Столтенберг.
Ӯ таъкид намудааст, ҳамоно муътақиданд, ки роҳи беҳтарин дипломатия мебошад.
"Паёмҳоро фиристода истодаем, ки ҳамла ба Украина барои Русия қимати сангине дар пай хоҳад дошт", - илова намуд дабири НАТО.
Дар мавриди он ки чӣ гуна кумак барои Украина ироа хоҳад шуд, Столтенберг эътироф намуд, ки дар ин бора миёни аъзои эътилоф назарҳо якхела нестанд. Аммо дар мавриди аъзои НАТО таъкид шудааст, ки тамоми уҳдадориҳо 100% иҷро хоҳанд шуд.
Вай дар зимн изҳор дошт, ки эътилоф ҳич нияти ҷой додани воҳидҳои низомӣ дар қаламрави Украинаро надорад.
Дар ҳамин ҳол Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия бори дигар таъкид намуд, ки Русия нияти ҳамла ба хоки ҳич ҳамсояашро надорад. Ӯ гуфт, ҳамаи иттиҳомот алайҳи Маскав ба канор бурдани таваҷҷуҳ аз талошҳои Киев барои қатъи роҳҳои мусолиматомези мушкили Донбасс равона шудаанд. Маскав мегӯяд, Ғарб ҳангомасозӣ атрофи "ҳамла" ба Украинаро барои таҳкими ҳузураш дар наздикии марз бо Русия истифода мебарад.
Қаблан Маскав лоиҳаи созишномаҳо бо ИМА ва кишварҳои узви НАТО-ро пешниҳод карда буд. Дар ин тарҳҳо бандҳои марбути кафолати тарафайни амниятӣ дар Аврупо, ҷой надодани мушакҳои миёна ва кутоҳпарвоз дар фосилаи дастрасӣ ба қаламрави ҳамдигар, худдорӣ аз васеъ кардани эътилоф, аз ҷумла аз ҳисоби кишварҳои пасошӯравӣ матраҳ шудаанд. Аммо то ҳол музокирот дар мавриди замонати амниятӣ ҳеҷ самаре надодааст.