Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Се сарбози тоҷик дар даргирӣ дар марзи Қирғизистон захмӣ шуданд

© Sputnik / Амир ИсаевРФ передала Таджикистану реанимобили
РФ передала Таджикистану реанимобили - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Обуна шудан
Дар даргирии миёни нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон чанд низомии тоҷик захм бардоштааст
ДУШАНБЕ, 27 январ — Sputnik. Дар ҷараёни даргирӣ дар марз се низомии тоҷик захмӣ шуд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз ҷои ҳодиса.
Гуфта мешавад, онҳоро ба дармонгоҳи марказии шаҳри Исфара интиқол додаанд.
Бино ба гузориши манбаъ, низомиён ҷароҳати сабук бардоштаанд.

"Вазъи се сарбози захмӣ сабук арзёбӣ мешавад. Захми онҳо ба ҳаёташон таҳдид намекунад", - гуфт як манбаъ аз беморхонаи марказии шаҳри Исфара дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

Дар бораи қурбониён аз Қирғизистон то ҳол иттилое дар даст нест.
Ёдовар мешавем, ки шоми 27 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз даргирӣ рух дод.
Бино ба маълумоти пешакӣ, ошӯб ба далели сангборон кардани мошини шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон аз марзи сарҳадӣ сар задааст.
Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар марзи Тоҷикистон чӣ мегузарад: гузориш аз ҷойи ҳодиса
Намояндагони мақомоти ҳар ду кишвар ба ҷои ҳодиса рафтанд. Пас аз задухӯрд ва сангпартоӣ ба сӯйи ҳамдигар, ки дар ҷараёни он чанд нафар захмӣ шуд, мақомоти интизомӣ барои пароканда кардани издиҳом ба ҳаво тирандозӣ карданд.
Ҳамин тавр муноқишаи миёни сокинон ба тирпарронии миёни марзбонон табдил ёфт.
Ҷониби Қирғизистон сокинони манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро ба ҷои амн интиқол медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0