https://sputnik.tj/20220127/sattorov-safir-shud-1045218935.html
Президент Сатторовро боз сафир таъйин кард
Президент Сатторовро боз сафир таъйин кард
Sputnik Тоҷикистон
Сафири пешини Тоҷикистон дар Маскав ба унвони сафири кишвар дар Олмон таъйин шуд 27.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-27T13:16+0500
2022-01-27T13:16+0500
2022-01-27T17:53+0500
тағйироти кадрӣ дар тоҷикистон
дар тоҷикистон
имомуддин сатторов
таъиноти кадрӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/06/1032032326_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_30f7d98749412cc6ed738e8beba5e15c.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Таъйину ҷобаҷокунии кадрҳо дар сохтору идораҳои давлатӣ бо фармони Эмомалӣ Раҳмон идома дорад.Бо фармони кишвардор Иммомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Олмон таъйин шуд. Номбурда қаблан сафири Тоҷикистон дар Русия буд ва рӯзи дуюми августи соли гузашта бо фармони президент аз ин мақом барканор шуд.Дафтари матбуотии раисҷумҳур фармони Эмомалӣ Раҳмонро нашр намудааст, ки дар он аз ҷумла омадааст:Бояд гуфт, то ҳол сафири Тоҷикистон дар Олмон Ғайратшо Соҳибназар буд, ки ахиран бо фармони президент аз мақом барканор шудааст.Сабаби барканории Ғайратшоро котиботи президент ба кори дигар гузаштан гуфтааст."Ғайратшо Соҳибназар Қаноатшо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва ҳамзамон аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Полша озод карда шавад".Феълан маълум нест, ки ҷаноби Ғайратшо барои кадом вазифаи нав курсии сафириро канор гузоштааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/06/1032032326_247:0:1687:1080_1920x0_80_0_0_18e688d5fc6a8f9504baa8bcde66dcc1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, имомуддин сатторов, таъиноти кадрӣ
дар тоҷикистон, имомуддин сатторов, таъиноти кадрӣ
Президент Сатторовро боз сафир таъйин кард
13:16 27.01.2022 (Навсозишуда: 17:53 27.01.2022) Сафири пешини Тоҷикистон дар Маскав ба унвони сафири кишвар дар Олмон таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Таъйину ҷобаҷокунии кадрҳо дар сохтору идораҳои давлатӣ бо фармони Эмомалӣ Раҳмон идома дорад.
Бо фармони кишвардор Иммомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Олмон таъйин шуд. Номбурда қаблан сафири Тоҷикистон дар Русия буд ва рӯзи дуюми августи соли гузашта бо фармони президент аз ин мақом барканор шуд.
Дафтари матбуотии раисҷумҳур фармони Эмомалӣ Раҳмонро нашр намудааст, ки дар он аз ҷумла омадааст:
"Сатторов Имомуддин Мирзоевич сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон таъйин карда шавад".
Бояд гуфт, то ҳол сафири Тоҷикистон дар Олмон Ғайратшо Соҳибназар буд, ки ахиран бо фармони президент аз мақом барканор шудааст.
Сабаби барканории Ғайратшоро котиботи президент ба кори дигар гузаштан гуфтааст.
"Ғайратшо Соҳибназар Қаноатшо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва ҳамзамон аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Полша озод карда шавад".
Феълан маълум нест, ки ҷаноби Ғайратшо барои кадом вазифаи нав курсии сафириро канор гузоштааст.