https://sputnik.tj/20220127/rahmon-roh-mumbay--chobahor--osiyo-1045262615.html
Раҳмон хостори рушди равобити нақлиётӣ дар масири Мумбай – Чобаҳор – Осиёи Марказӣ шуд
Раҳмон хостори рушди равобити нақлиётӣ дар масири Мумбай – Чобаҳор – Осиёи Марказӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон алоқамандии кишвар ба рушди шоҳроҳи нақлиётии Мумбай – Чобаҳор – Осиёи Марказиро таъйид кард
2022-01-27T18:24+0500
2022-01-27T18:24+0500
2022-01-27T20:17+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
нақлиёт
осиёи марказӣ
ҳиндустон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045262448_0:212:2048:1364_1920x0_80_0_0_eaa267eb9f650602ba3a54e1a00d2773.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушди равобит аз тариқи шоҳроҳе, ки Ҳиндустонро бо Осиёи Марказӣ мепайвандад, изҳори назар кард.Бино ба гузориши хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии аввалини Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон густариши робитаҳои нақлиётиву коммуникатсиониро омили муҳими таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии миёни кишварҳои минтақа ва Ҳиндустон хондааст.Кишвардор гуфтааст, ки аҳамияти таъмини амнияти озуқаворӣ зарурати ҳамкории фаъолро дар бахши аграрӣ тақозо менамояд. Вобаста ба ин раванди афзоишёбандаи таъсири манфии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳо дар маҷмуъ ва аз ҷумла ба бахши аграрии он қайд карда шуд.Дар ин зимн Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятҳои амалии ҳамоҳангшударо миёни кишварҳои минтақа ва Ҳиндустон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ дар қатори самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ қарор додааст.Ба ҳамин тартиб таҳкими минбаъдаи робитаҳои фарҳангиву башарӣ низ аз самтҳои дигари ҳамкориҳо дониста шудаанд.Президенти Тоҷикистон ҳамчунин ҷонибдорияшро аз тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, сайёҳӣ ва тандурустӣ изҳор кардааст.Бо дарназардошти имкониятҳои ҷонибҳо идомаи ҳамкориҳо дар арсаи муқовимат ба ҳамагирии коронавирус ва рафъи оқибатҳои он, тавсеаи имкониятҳои истеҳсоли муштараки маводи тиббӣ, бахусус доруворӣ дар қатори самтҳои муҳими муносибатҳои ҷонибҳо номбар гардидааст.Тоқаев аз кишварҳои ОМ ва Ҳиндустон даъват кард, ки Афғонистонро танҳо нагузорандЁдрас мешавем, ки нишасти Осиёи Марказӣ - Ҳиндустон бори аввал баргузор мешавад.Дар кори он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ, президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев, кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат карданд.Иштирокдорони нишаст дар робита ба раванди ҷории муносибатҳои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон ва ҳамзамон дурнамои рушди минбаъдаи онҳо табодули афкор намуданд.Саммит бахшида ба 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон барпо гардид.
https://sputnik.tj/20191223/Uzbekistan-mekhohad-ba-Chobahor-payvast-shavad--1030437352.html
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045262448_229:0:2048:1364_1920x0_80_0_0_26321b95bdb0998ab1cd47c6c5596be9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳиндустон, тоҷикистон, рушди соҳаи комуникатсионӣ,
ҳиндустон, тоҷикистон, рушди соҳаи комуникатсионӣ,
Раҳмон хостори рушди равобити нақлиётӣ дар масири Мумбай – Чобаҳор – Осиёи Марказӣ шуд
18:24 27.01.2022 (Навсозишуда: 20:17 27.01.2022) Президенти Тоҷикистон ҷонибдории кишвар аз рушди равобит дар шоҳроҳи нақлиётии Мумбай – Чобаҳор – Осиёи Марказиро таъйид кард
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушди равобит аз тариқи шоҳроҳе, ки Ҳиндустонро бо Осиёи Марказӣ мепайвандад, изҳори назар кард.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии аввалини Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон густариши робитаҳои нақлиётиву коммуникатсиониро омили муҳими таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии миёни кишварҳои минтақа ва Ҳиндустон хондааст.
"Дар ин раванд алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ба рушди шоҳроҳи нақлиётӣ дар масири Мумбай – Чобаҳор – Осиёи Марказӣ мавриди таъйид қарор гирифт", - омадааст дар хабарнома.
Кишвардор гуфтааст, ки аҳамияти таъмини амнияти озуқаворӣ зарурати ҳамкории фаъолро дар бахши аграрӣ тақозо менамояд.
Вобаста ба ин раванди афзоишёбандаи таъсири манфии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳо дар маҷмуъ ва аз ҷумла ба бахши аграрии он қайд карда шуд.
Дар ин зимн Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятҳои амалии ҳамоҳангшударо миёни кишварҳои минтақа ва Ҳиндустон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ дар қатори самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ қарор додааст.
Ба ҳамин тартиб таҳкими минбаъдаи робитаҳои фарҳангиву башарӣ низ аз самтҳои дигари ҳамкориҳо дониста шудаанд.
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин ҷонибдорияшро аз тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, сайёҳӣ ва тандурустӣ изҳор кардааст.
Бо дарназардошти имкониятҳои ҷонибҳо идомаи ҳамкориҳо дар арсаи муқовимат ба ҳамагирии коронавирус ва рафъи оқибатҳои он, тавсеаи имкониятҳои истеҳсоли муштараки маводи тиббӣ, бахусус доруворӣ дар қатори самтҳои муҳими муносибатҳои ҷонибҳо номбар гардидааст.
Ёдрас мешавем, ки нишасти Осиёи Марказӣ - Ҳиндустон бори аввал баргузор мешавад.
Дар кори он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ, президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев, кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат карданд.
Иштирокдорони нишаст дар робита ба раванди ҷории муносибатҳои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон ва ҳамзамон дурнамои рушди минбаъдаи онҳо табодули афкор намуданд.
Саммит бахшида ба 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон барпо гардид.