Вакили собиқи парлумон ва доктору забондон: Усмонзода Хайриддин, раҳбари нави МТС кист?

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Рахмон, кадровые назначения
Президент Рахмон, кадровые назначения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии кишварро таъйину барканор кард
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Зиёӣ Хуршед Махшул, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз мақомаш барканор шуд.
Номбурда моҳи феврали соли 2020 ба ин мақом расида буд.
Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон гуфтааст, Зиёӣ Хуршед бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз ин вазифа гирифта шуд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамакнун курсии раҳбарии МТС-ро Усмонзода Хайриддин Усмон соҳиб шудааст.
Расширенное заседание Правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Тағйироти кадрӣ: президент раҳбарони баъзе аз корхонаву шаҳрҳоро барканор кард
Усмонзода Хайриддин Усмон зодаи ноҳияи Варзоб ва 52 сол дорад. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Латвия бо ихтисоси ҷомеашинос буда, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, АМИТ, Донишгоҳи аграрӣ кор кардааст.
Ӯ ҳамзамон дорандаи унвони профессор ва доктори илмҳои фалсафа буда, донандаи чор забон - русӣ, англисӣ, немисӣ, латишӣ аст.
Ӯ оиладор ва соҳиби чор фарзанд мебошад.
Номбурда инчунин ҷонишини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2015—2017) ва аз моҳи марти соли 2017 то январи 2020 ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи мирзо Турсунзода низ буд.
Аз 1 марти соли 2020 ӯ аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Рӯдакӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
Лентаи хабарҳо
0