Вазорати тандурустӣ омори ахири COVID-19 дар Тоҷикистонро нашр кард: 28 нафар шифо ёфт

© Sputnik / Амир ИсаевЖенщина в защитной медицинской маске
Женщина в защитной медицинской маске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ омори нави гирифторӣ ба коронавирус дар шабонарӯзи ахирро нашр намуд
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 12 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Ҳамзамон тайи 24 соати гузашта 28 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Дар маҷмуъ аз аввали пандемия то кунун дар кишвар 17241 нафар гирифтори COVID-19 шуда ва аз ин шумора то санаи зикргардида 17023 нафар шифо ёфтаанд.
Ҳамчунин табибон дар даврони пандемия ҷони 124 бемори COVID-19-ро наҷот дода натавонистанд.
Давоми шаш рӯзи эълони дубораи хуруҷи дигарбораи коронавирус ба Тоҷикистон 146 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст.
Работа временного госпиталя для больных коронавирусом в Ленэкспо  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Вазорат гуфт, коронавирус ба Тоҷикистон аз куҷо омад. Оё омикрон буд?
Ёдовар мешавем, пас аз наздик ба се моҳи хомӯшӣ, рӯзи 21- уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дод.
Ин ниҳод ахиран дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар бораи мавҷудияти навъи нави коронавируси омикрон чизе дақиқ дар даст надоранд, чун ҳоло дар кишвар тестҳои санҷишӣ ва дастгоҳҳо барои дақиқсозии штамми нав ворид нашудааст.
Манбаи мазкур гуфт, беморӣ ба кишвар аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид шудааст.
Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад.
Девушка болеет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Коронавирус бештар киро азоб медиҳад: Шарҳи мутахассис
Тибқи тавсияҳои Ситоди фаврии мубориза бар зидди COVID-19, талабот барои вуруд ба кишвар сахттар шудааст.
Ҳамаи шаҳрвандони ба ҷумҳурӣ воридшуда барои пешгирии паҳншавии коронавирус аз ташхиси иловагӣ мегузаранд.
Суръати эмгузаронии аҳолӣ низ тасреъ шудааст. Ҳамзамон табибони ҷумҳурӣ вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирусро мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0