Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Олимони Чин аз коронавируси нав хабар доданд: боз баҳси кӯршабпаракҳо

© Sputnik / Russian Defence Ministry / Гузариш ба медиабонкСпециалисты Министерства обороны РФ в полевой биолаборатории, развернутой на авиабазе "Орио-аль-Серио" в Италии
Специалисты Министерства обороны РФ в полевой биолаборатории, развернутой на авиабазе Орио-аль-Серио в Италии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Обуна шудан
Олимони чинӣ мегӯянд, ин навъ вирус дар кӯршабпаракҳои дар Африқои Ҷанубӣ пайдо шудааст ва ҳоло ҳам дар байни ин аҳолӣ паҳн мешавад
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Олимон аз Чин гузориш доданд, ки коронавируси "NeoCoV", ки дар Африқо муайян шудааст, принсипҳои шабеҳи воридшавӣ ба ҳуҷайраҳои SARS-CoV-2 дорад ва метавонад барои одамон хатар эҷод кунад.
Таҳқиқоти олимони чинӣ дар портали "bioRxiv" нашр шудааст, менависад РБК.
"NeoCoV" дар кӯршабпаракҳо дар Африқои Ҷанубӣ пайдо шудааст ва ҳоло ҳам дар байни ин аҳолӣ паҳн мешавад.
Бо вуҷуди ин олимон қайд мекунанд, ки он дорои потенсиали пинҳонии таҳаввул ва дар натиҷа қобилияти ворид шудан на танҳо ба ҳуҷайраҳои ҳайвонот, балки ба одамон низ мебошад.
Девушка болеет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Коронавирус бештар киро азоб медиҳад: Шарҳи мутахассис
"NeoCoV" наздикӣ бо коронавируси "MERS-CoV" дорад, ки ангезандаи синдроми роҳи нафас дар Ховари Миёна аст ва авҷи он дар солҳои 2010 ба қайд гирифта шудааст.
Коронавируси SARS-CoV-2, ки боиси пандемияи COVID-19 гардид, аз тариқи ACE-2 ба бадан ворид мешавад. Олимони чинӣ қайд мекунанд, ки тадқиқоти онҳо "истифода"-и аввалини ACE2-ро аз ҷониби "хешовандон"-и коронавируси MERS-CoV ошкор кардааст.
Онҳо қайд мекунанд, ки ин "таҳдиди эҳтимолии биоамният" -ро ошкор мекунад. Олимон гуфтаанд, ки вирус бояд бодиққат назорат карда шавад. Дар баробари ин онҳо таъкид кардаанд, ки табиати "NeoCoV" ҳанӯз ба таври кофӣ мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0