https://sputnik.tj/20220127/nazarboev-rayosat-yakumri-amniyat-mahrum-1045182153.html
Поёни қудрати элбасӣ: Назарбоев аз мақоми раҳбарии якумрии Шӯрои амният маҳрум шуд
Поёни қудрати элбасӣ: Назарбоев аз мақоми раҳбарии якумрии Шӯрои амният маҳрум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Парлумони Қазоқистон мақоми якумрии раёсати Назарбоевро дар Шӯрои Амниятро бекор кард ва пешниҳод кард, ки ҳамоҳангии сиёсат бо ӯ лағв шавад
2022-01-27T09:36+0500
2022-01-27T09:36+0500
2022-01-27T13:56+0500
нурсултон назарбоев
сиёсат
қазоқистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102886/48/1028864851_0:0:2714:1528_1920x0_80_0_0_9a0d68cf64fc98823372c9f5cff54410.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Палатаи болоии порлумони Қазоқистон ислоҳоти қонунгузориро тасвиб кард, ки бар асоси он, раёсати раисҷумҳури пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоев ба Анҷумани мардуми Қазоқистон ва Шӯрои амният ботил мешавад. Ин тасмимро вакилон дар иҷлосияи навбатӣ гирифтанд ва он дар сайти палата нашр гардид.Ҳамин тариқ, тибқи хулосаи Кумитаи қонунгузории конститутсионӣ, мақомоти судӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи парлумон, ин ислоҳот ба интиқоли салоҳияти раиси Анҷумани мардуми Қазоқистон ва Шӯрои амният аз Назарбоева ба раисҷумҳури феълӣ Қосим-Ҷомарт Тоқаев замина фароҳам мекунад.Ҳамакнун Қонун дар бораи маҷлис мақоми якумраи раисҷумҳури нахустини Қазоқистон - элбасӣ (ред. - пешвои миллат) ва Қонун дар бораи Шӯрои амният ҳаққи якумраи ӯ дар ҷиҳати раёсат бар Шӯрои амниятро ботил кард. Илова бар ин вакилони парлумон пешниҳод карданд, ки зарурати мувофиқа бо Назарбоев дар самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дохилии Қазоқистон бекор карда шавад. Тағйиру иловаҳо ба қонунҳое низ баррасӣ мешаванд, ки дар онҳо ҳаққи раисҷумҳури нахустин барои узвият дар Шӯрои конститутсионии кишвар ва ҳамчунин суханронӣ дар ҳукумату парлумон дарҷ шудааст.Ёдовар мешавем,Нурсултон Назарбоев тақрибан 30 сол Қазоқистонро раҳбарӣ кард. Ӯ 20 марти соли 2019 аз мақоми раҳбари давлати ин кишвар истеъфо дод. Аммо ӯ дар мақоми раиси Шӯрои амният, раҳбари Ҳизби "нур Отан" ва раиси Ассамблеяи мардуми Қазоқистонро боқӣ монд.Дар соли 2021 Назарбоев эълом дошт, ки аз курсии раиси Ассамблеяи мардуми Қазоқистон канор рафта, салоҳиятҳояшро ба раҳбари кунунии Қазоқистон вогузор мекунад. Назарбоев салоҳиятҳои раиси Шӯрои Амниятро рӯзи 5-уми январи соли 2022, дар замони нооромиҳои оммавӣ дар Қазоқистон ба Тоқаев вогузор кард.
https://sputnik.tj/20220118/nazarboev-toqaev-rais-nur-otan-1044908450.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102886/48/1028864851_0:0:2714:2036_1920x0_80_0_0_e1ae6087221f15c6db4f015cbcf14e48.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
назарбоев қазоқистон мансаб барканор тоқаве
назарбоев қазоқистон мансаб барканор тоқаве
Поёни қудрати элбасӣ: Назарбоев аз мақоми раҳбарии якумрии Шӯрои амният маҳрум шуд
09:36 27.01.2022 (Навсозишуда: 13:56 27.01.2022) Парлумони Қазоқистон мақоми якумрии раисҷумҳури ин кишвар дар Шӯрои амниятро бекор ва пешниҳод кард, ки ҳамоҳангии сиёсат бо ӯ лағв шавад
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Палатаи болоии порлумони Қазоқистон ислоҳоти қонунгузориро тасвиб кард, ки бар асоси он, раёсати раисҷумҳури пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоев ба Анҷумани мардуми Қазоқистон ва Шӯрои амният ботил мешавад.
Ин тасмимро вакилон дар иҷлосияи навбатӣ гирифтанд ва он дар сайти палата нашр гардид.
Ҳамин тариқ, тибқи хулосаи Кумитаи қонунгузории конститутсионӣ, мақомоти судӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи парлумон, ин ислоҳот ба интиқоли салоҳияти раиси Анҷумани мардуми Қазоқистон ва Шӯрои амният аз Назарбоева ба раисҷумҳури феълӣ Қосим-Ҷомарт Тоқаев замина фароҳам мекунад.
"Сенаторҳо аз тағйирот дар қонунгузорӣ, ки Шӯрои амният ва анҷуманро аз рӯи вазифа сарвари давлат бояд раҳбарӣ кунанд, ҷонибдорӣ карданд",– гуфтааст сухангӯи парлумони Қазоқистон Лаззат Сулаймонов.
Ҳамакнун Қонун дар бораи маҷлис мақоми якумраи раисҷумҳури нахустини Қазоқистон - элбасӣ (ред. - пешвои миллат) ва Қонун дар бораи Шӯрои амният ҳаққи якумраи ӯ дар ҷиҳати раёсат бар Шӯрои амниятро ботил кард.
Илова бар ин вакилони парлумон пешниҳод карданд, ки зарурати мувофиқа бо Назарбоев дар самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дохилии Қазоқистон бекор карда шавад.
Тағйиру иловаҳо ба қонунҳое низ баррасӣ мешаванд, ки дар онҳо ҳаққи раисҷумҳури нахустин барои узвият дар Шӯрои конститутсионии кишвар ва ҳамчунин суханронӣ дар ҳукумату парлумон дарҷ шудааст.
Ёдовар мешавем,Нурсултон Назарбоев тақрибан 30 сол Қазоқистонро раҳбарӣ кард. Ӯ 20 марти соли 2019 аз мақоми раҳбари давлати ин кишвар истеъфо дод.
Аммо ӯ дар мақоми раиси Шӯрои амният, раҳбари Ҳизби "нур Отан" ва раиси Ассамблеяи мардуми Қазоқистонро боқӣ монд.
Дар соли 2021 Назарбоев эълом дошт, ки аз курсии раиси Ассамблеяи мардуми Қазоқистон канор рафта, салоҳиятҳояшро ба раҳбари кунунии Қазоқистон вогузор мекунад.
Назарбоев салоҳиятҳои раиси Шӯрои Амниятро рӯзи 5-уми январи соли 2022, дар замони нооромиҳои оммавӣ дар Қазоқистон ба Тоқаев вогузор кард.