Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Таҷаммуи сокинон дар марзи Исфараву Ботканд пас аз сангандозии навбатии қирғизҳо - видео

© Sputnik / Амир ИсаевПули хурд, аммо муҳими Чорбоғ дар марз Небольшой, но важный мост Чорбога на границе
Пули хурд, аммо муҳими Чорбоғ дар марз
Небольшой, но важный мост Чорбога на границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Обуна шудан
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз ноором шудааст
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар пайи сангандозии сокинони деҳаи Оқсой ба ҷониби худравҳои шарвандони Тоҷикистон боз вазъ дар марзи кишвар бо Қирғизистон ноором шудааст.
Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шаҳрдори Исфара бо таъйиди ин хабар дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, сангандозӣ асри 27 январ аз ҷониби қирғизҳо сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса дар чорроҳаи деҳаи Сомониён, ҳаммарз бо маҳаллаҳои ноҳияи Ботканд рух додааст. Ин ҳолат боиси баста шудани чорроҳаи Сомониён шудааст.
"Раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода низ бо як гурӯҳ аз кормандони ҳукумат ва мақомоти интизомӣ ба ҷойи ҳодиса рафтанд", - гуфт манбаъ.
Гуфта мешавад, дар пайи сангпартои ба сӯйи мошинҳои сокинони Исфара ин шаҳрвандони кишвар мутазаррир шудаанд.
Пас аз ин ҳодиса аҳолии зиёде аз ду ҷониб дар марз ҷамъ омадаанд.
Ин сангандозии қирғизҳо дувумин ҳолат дар соли ҷорӣ аст.
Рӯзи 20-уми январ дар марзи миёни шаҳри Исфара ва ноҳияи Бодканд як муноқиша сар зад.
Насруллобек Асламов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ вақте савори “КамАЗ” аз Ворух ба Чоркӯҳ ҳаракат мекард, дар ҳудуди маҳаллаи Оқсой як гурӯҳ қирғизҳо пеши роҳаш баромада, мошинашро сангборон ва худи ӯро латукӯб намуданд.
Смотровая вышка на кыргызско-таджикском участке границы. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Гуфтушуниди Тоҷикистону Қирғизистон бар сари баҳсҳои марзӣ баъд аз сангборони "КамАЗ"
Дар пайи ин ҳодиса шишаҳо ва чароғи равшанидиҳандаи мошини сокини ҷамоати Чоркӯҳ шикаставу пора шуданд.
Роҳи миёни Чоркӯҳ ва Ворух аз маҳаллаи Оқсойи Қирғизистон мегузарад ва ин макон то ин вақт борҳо шоҳиди муноқишаҳои марзӣ шудааст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст.
Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рух додаи муноқишаҳои марзӣ миёни шаҳрвандони ду кишвар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0