Мақомдорони баландпояи тоҷикро дар идораи андоз интизоранд: сабаб

© Sputnik / Денис ГришкинЧиновники, архивное фото
Чиновники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Обуна шудан
Ходимони давлатии Тоҷикистон бояд сари вақт шаҳодатномаи даромад пешниҳод кунанд, зеро раванди гирифтани эъломияи андоз оғоз шудааст
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Кумитаи андози Тоҷикистон раванди қабули эъломияи андоз барои соли 2021-ро оғоз кардааст.
Мувофиқи қоида, ҳамаи хидматчиёни давлатӣ бояд то аввали моҳи апрел дар бораи даромади шахсии худ ҳисобот диҳанд.
Ҳамаи шаҳрвандон ҳамчунин ҳангоми ворид шудан ба хидмати давлатӣ бояд дар идораи андоз сабти ном шаванд.
Маълум аст, ки дар ҳоли ҳозир дар кишвар ҳудуди 20 ҳазор мансабдор фаъолият мекунад. Ҳамаи онҳо ҳар сол ба мақомоти андоз на танҳо дар бораи даромад, балки аз рӯи манбаъҳои асосӣ ҳам ҳисобот медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки ҳамин гуна қонун дар бораи пешниҳоди эъломияи даромад 17 сол пеш қабул шуда буд. Аз моҳи июли соли 2020 ҳукумат шакли нави эъломияи даромад ва молу мулки хизматчиёни давлатиро тасдиқ кард.
Ҳоло дар он даромад аз фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва педагогӣ, инчунин даромад аз амволи ба иҷора гирифташуда ва замин, қитъаи замини шахсӣ, инчунин даромад аз пасандозҳои бонкӣ ва коғазҳои қиматнок нишон дода мешавад.
Бояд гуфт, дар кишвар барномаи вижа барои сода кардани пешниҳоди ҳуҷҷатҳо роҳандозӣ шудааст.
Ҳисоби шахсии андозсупоранда дар торномаи расмии мақомоти андоз ҷойгир карда шудааст, ки тавассути он шумо метавонед ҳуҷҷатро дар шакли электронӣ пешниҳод кунед.
Мақомоти андоз хотиррасон карданд, ки нодурустии маълумоти пешниҳодшуда ё пешниҳод накардани эъломияи даромад ба мақомоти андоз метавонад сабаби аз хидмат озод шудан ё рад кардани дархост барои қабул ба кор гардад.
Лентаи хабарҳо
0