https://sputnik.tj/20220127/kohishi-sathi-kambizoati-tojikston-sharh-vazorat-1045239023.html
Коҳиши сатҳи камбизоати дар Тоҷикстон тайи 20 соли ахир: шарҳи вазорат
Коҳиши сатҳи камбизоати дар Тоҷикстон тайи 20 соли ахир: шарҳи вазорат
Sputnik Тоҷикистон
Дар зарфи 20 сол сатҳи камбизоати дар Тоҷикистон аз 83 дарсад ба 26,3 дарсад коҳиш дода шудааст
2022-01-27T15:45+0500
2022-01-27T15:45+0500
2022-01-27T19:10+0500
дар тоҷикистон
вазорати меҳнат
коҳиш
сатҳи камбизоатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101322/43/1013224312_0:159:3077:1890_1920x0_80_0_0_7401239ddd48eb6cca52d5df80a5587a.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар давраи истиқлол беш аз 3,3 миллион ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, музди миёнаи меҳнат 87, нафақа 80, ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар афзоиш ёфт.Тибқи иттилои манбаъ, сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд, ки ин аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.Ҳамзамон Вазорати меҳнат қайд кардааст, ки дар бист соли охир се ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ду барномаи баланд бардоштани сатҳи рифоҳи мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, дар айни замон татбиқи самарабахши Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад.Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, аз 2022 то 2026 бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида шавад.Дар пайи амалӣ шудани ин ҳама барномаҳо сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон то 15 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.
https://sputnik.tj/20211014/rustam-dushanbe-sath-kambizoati-past-1042840401.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101322/43/1013224312_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_22b480678c3c50812b5e723ac0941a8b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сатҳи камбизоатӣ, коҳиш, шарҳ, вазорат
тоҷикистон, сатҳи камбизоатӣ, коҳиш, шарҳ, вазорат
Коҳиши сатҳи камбизоати дар Тоҷикстон тайи 20 соли ахир: шарҳи вазорат
15:45 27.01.2022 (Навсозишуда: 19:10 27.01.2022) Дар 20 соли ахир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 83 дарсад ба 26,3 дарсад коҳиш дода шудааст
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар давраи истиқлол беш аз 3,3 миллион ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, музди миёнаи меҳнат 87, нафақа 80, ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар афзоиш ёфт.
Тибқи иттилои манбаъ, сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд, ки ин аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон Вазорати меҳнат қайд кардааст, ки дар бист соли охир се ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ду барномаи баланд бардоштани сатҳи рифоҳи мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, дар айни замон татбиқи самарабахши Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад.
“Ҳукумати Тоҷикистон барои татбиқи онҳо дар бист соли охир 174 миллиард сомонӣ масраф кардааст”, - қайд кардааст манбаъ.
Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, аз 2022 то 2026 бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида шавад.
Дар пайи амалӣ шудани ин ҳама барномаҳо сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон то 15 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.