https://sputnik.tj/20220127/bozdoshti-gumonbar-qatli-taksironi-tojik-sankt-peterburg-1045263559.html
Боздошти гумонбар дар қатли таксирони тоҷик дар Санкт-Петербург
Боздошти гумонбар дар қатли таксирони тоҷик дар Санкт-Петербург
Sputnik Тоҷикистон
Ронандаи таксии тоҷики муҳоҷир дар шаҳри Санкт-Петербургро як ҳамватани худ ба қатл расонидааст
2022-01-27T19:00+0500
2022-01-27T19:00+0500
2022-01-27T20:27+0500
дар тоҷикистон
куштор
санкт-петербург
муҳоҷир
қатл
такси
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102668/20/1026682099_0:102:1920:1182_1920x0_80_0_0_5b1ef5f240e4756b209910d08f6395c3.jpg
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Кормандони пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия гумонбар дар қатли таксирони тоҷикро боздошт карданд, иттилоъ додааст Кумитаи тафтишотии ин кишвар. Ба иттилои манбаъ, нафари боздоштшуда як ҳамватан ва рафиқи ин ронандаи тоҷик будааст.Ёдрас менамоем, ки чанде пеш дар фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург ҷасади як ронандаи таксӣ пайдо шуда буд.Баъдан маълум шуд, ки ин муҳоҷири кушташуда шаҳрванди Тоҷикистон буда, ҳамагӣ 26 сол доштааст.Ҷасади тоҷикистонӣ дар ҳоле пайдо шуд, ки ҳалқаш бурдида шуда, ҳамзамон чанд зарби корд низ дар ҷасадаш ҳувайдо буд. Ҷасади беҷонаш дар баромадгоҳи пандуси фурудгоҳи мазкур дар дохили мошин қарор дошт.Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Санкт-Петербурги Русия хабар додаанд, ки нафари боздоштшуда ҳамватани 18-сола ва дӯсти ин таксирони тоҷик будааст.“Тибқи маълумоти пешакӣ, ӯ гулӯи ронандаро бурида, сипас ба ҷои ронанда нишаста мошини ӯро канори роҳ гузоштааст”,- иттилоъ додаанд мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Петербург.Аз рӯи ҳодисаи мазкур кормандони пулиси Петербург парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ҳоло тамоми ҷузъиёти ин ҳодиса баррасӣ мешавад.Дар ҳамин ҳол раиси Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург Назари Мирзода ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки ҳоло ҷасади ин таксирони тоҷик дар сардхонаи ин шаҳр қарор дорад ва баъд аз анҷоми расмиёт ба Тоҷикистон мунтақил мешавад.
https://sputnik.tj/20220124/furudgoh-pulkova-jasad-muhojir-tojik-1045083501.html
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102668/20/1026682099_107:0:1814:1280_1920x0_80_0_0_9117f89ff1e36abc13bef79088416e79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бозошт, гумонбар, қатл, куштор, ронанда, такси, пулково, санкт-петербург
тоҷикистон, бозошт, гумонбар, қатл, куштор, ронанда, такси, пулково, санкт-петербург
Боздошти гумонбар дар қатли таксирони тоҷик дар Санкт-Петербург
19:00 27.01.2022 (Навсозишуда: 20:27 27.01.2022) Ронандаи таксии тоҷики муҳоҷир дар шаҳри Санкт-Петербургро як ҳамватани худ ба қатл расонидааст
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Кормандони пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия гумонбар дар қатли таксирони тоҷикро боздошт карданд, иттилоъ додааст
Кумитаи тафтишотии ин кишвар.
Ба иттилои манбаъ, нафари боздоштшуда як ҳамватан ва рафиқи ин ронандаи тоҷик будааст.
Ёдрас менамоем, ки чанде пеш дар фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург ҷасади як ронандаи таксӣ пайдо шуда буд.
Баъдан маълум шуд, ки ин муҳоҷири кушташуда шаҳрванди Тоҷикистон буда, ҳамагӣ 26 сол доштааст.
Ҷасади тоҷикистонӣ дар ҳоле пайдо шуд, ки ҳалқаш бурдида шуда, ҳамзамон чанд зарби корд низ дар ҷасадаш ҳувайдо буд. Ҷасади беҷонаш дар баромадгоҳи пандуси фурудгоҳи мазкур дар дохили мошин қарор дошт.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Санкт-Петербурги Русия хабар додаанд, ки нафари боздоштшуда ҳамватани 18-сола ва дӯсти ин таксирони тоҷик будааст.
“Тибқи маълумоти пешакӣ, ӯ гулӯи ронандаро бурида, сипас ба ҷои ронанда нишаста мошини ӯро канори роҳ гузоштааст”,- иттилоъ додаанд мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Петербург.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур кормандони пулиси Петербург парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ҳоло тамоми ҷузъиёти ин ҳодиса баррасӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол раиси Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург Назари Мирзода ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки ҳоло ҷасади ин таксирони тоҷик дар сардхонаи ин шаҳр қарор дорад ва баъд аз анҷоми расмиёт ба Тоҷикистон мунтақил мешавад.