https://sputnik.tj/20220127/afzoish-koronavirus-tojikiston-1045270016.html
Афзоиши теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон: омори тоза
Афзоиши теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон: омори тоза
Sputnik Тоҷикистон
Шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон давоми шабонарӯзи ахир афзоиш ёфт
2022-01-27T21:37+0500
2022-01-27T21:37+0500
2022-01-28T11:40+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0e/1044816580_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_d34697121d839aade70074e2be280339.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 24 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба шабонарӯзи гузашта (12 ҳолат) бештар мебошад.Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гузориш медиҳад.Ҳамзамон тайи 24 соати гузашта 23 нафар аз гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.Дар маҷмуъ аз аввали пандемия то кунун дар кишвар 17 265 нафар гирифтори COVID-19 шуда ва аз ин шумора то рӯзи зикргардида 17046 нафар (98,7%) шифо ёфтаанд.Ҳамчунин табибон дар даврони ҳамагирӣ ҷони 124 бемори COVID-19-ро наҷот дода натавонистанд.Ёдовар мешавем, пас аз наздик ба се моҳи хомӯшӣ, рӯзи 21-уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дод.Ин ниҳод ахиран дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар бораи мавҷудияти навъи нави коронавируси омикрон иттилои дақиқе дар даст надоранд.Манбаи мазкур гуфт, ин беморӣ ба кишвар аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид шудааст.Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад.Коронавирус бештар киро азоб медиҳад: Шарҳи мутахассисКоронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳоТибқи тавсияҳои Ситоди фаврии мубориза бар зидди COVID-19, талабот барои вуруд ба кишвар сахттар шудааст.Ҳамаи шаҳрвандони ба ҷумҳурӣ воридшуда барои пешгирии паҳншавии коронавирус аз ташхиси иловагӣ мегузаранд.Суръати эмгузаронии аҳолӣ низ тасреъ шудааст. Ҳамзамон табибони ҷумҳурӣ вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирусро мегиранд.
https://sputnik.tj/20220115/aloi-tojikictoniyon-omikron-karantin-1044842342.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0e/1044816580_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_032a36d0963029a7296106a255391dc4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазъ, коронавирус, тоҷикистон
вазъ, коронавирус, тоҷикистон
Афзоиши теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон: омори тоза
21:37 27.01.2022 (Навсозишуда: 11:40 28.01.2022) Шумораи мубталоёни коронавирус дар Тоҷикистон давоми шабонарӯзи ахир афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 24 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба шабонарӯзи гузашта (12 ҳолат) бештар мебошад.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Ҳамзамон тайи 24 соати гузашта 23 нафар аз гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Дар маҷмуъ аз аввали пандемия то кунун дар кишвар 17 265 нафар гирифтори COVID-19 шуда ва аз ин шумора то рӯзи зикргардида 17046 нафар (98,7%) шифо ёфтаанд.
Ҳамчунин табибон дар даврони ҳамагирӣ ҷони 124 бемори COVID-19-ро наҷот дода натавонистанд.
Ёдовар мешавем, пас аз наздик ба се моҳи хомӯшӣ, рӯзи 21-уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дод.
Ин ниҳод ахиран дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар бораи мавҷудияти навъи нави коронавируси омикрон иттилои дақиқе дар даст надоранд.
Манбаи мазкур гуфт, ин беморӣ ба кишвар аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид шудааст.
Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад.
Тибқи тавсияҳои Ситоди фаврии мубориза бар зидди COVID-19, талабот барои вуруд ба кишвар сахттар шудааст.
Ҳамаи шаҳрвандони ба ҷумҳурӣ воридшуда барои пешгирии паҳншавии коронавирус аз ташхиси иловагӣ мегузаранд.
Суръати эмгузаронии аҳолӣ низ тасреъ шудааст. Ҳамзамон табибони ҷумҳурӣ вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирусро мегиранд.