https://sputnik.tj/20220126/vazir-nav-kishovarzi-tojikiston-1045159227.html
Тағйироти кадрӣ дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон: вазири нав кист?
Тағйироти кадрӣ дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон: вазири нав кист?
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни тағйироти кадрӣ роҳбарияти Вазорати кишоварзии Тоҷикистонро таъйину барканор кардааст 26.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-26T14:21+0500
2022-01-26T14:21+0500
2022-01-26T18:22+0500
вазорати кишоварзӣ
таъйиноти кадрӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102547/75/1025477504_0:0:962:541_1920x0_80_0_0_8054a3cba8fe3c62b513915410c7dc1e.jpg
ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Саъдӣ Каримзода, вазири нави кишоварзии Тоҷикистон таъйин шудааст. Ӯ дар ин мақом Сулаймон Зиёзодаро иваз кард, ки ҳамакнун муовини сарвазири Тоҷикистон мансуб гаштааст.Дар ин бора як манбаи Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати кишоварзии кишвар хабар дод.Ба иттилои манбаъ, Саъдӣ Каримзода бо фармони раисҷумҳури кишвар аз 26 январ ба ин мақом расидааст.Ӯ гуфт, то расидан ба ин мақом Каримзода вазифаи муовини вазири кишоварзиро ба зимма дошт.Каримзода Саъдӣ Ғафор 12 августи соли 1969 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст, хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон аст. Ӯ ҳамзамон унвони номазади илмҳои биологияро дорад ва дар АМИТ низ кор кардааст.Бинобар қобилияти забондонияш аз соли 1998 то соли 2007 ҳамчун аграном, намояндаи ташкилоти ғайридавлатии олмонии "Агроаксияи Олмон" ифои вазифа намудааст.Солҳои 2007-2011 мавсуф дар Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) ба ҳайси ҳамоҳангсози барномаҳо кор карда, аз сентябри соли 2011 то апрели 2012 дар вазифаи мушовири байналмилалии "Маркази идораи лоиҳа оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ" фаъолият намудааст.Бо қарори ҳукумат аз 31 августи соли 2012 ӯ дар вазифаи директори Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо" кор карда, 27 январи соли 2020 муовини аввали вазири кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон таъйин шуда буд.
https://sputnik.tj/20220126/ziyozoda-gulmahmadzoda-muovin-sarvazir-tojikiston-1045154654.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102547/75/1025477504_0:0:722:541_1920x0_80_0_0_27313200fd0d8c9c90c498fc1b9cc2d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорати кишоварзӣ, таъйиноти кадрӣ
вазорати кишоварзӣ, таъйиноти кадрӣ
Тағйироти кадрӣ дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон: вазири нав кист?
14:21 26.01.2022 (Навсозишуда: 18:22 26.01.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни тағйироти кадрӣ роҳбарияти Вазорати кишоварзии Тоҷикистонро таъйину барканор кардааст
ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Саъдӣ Каримзода, вазири нави кишоварзии Тоҷикистон таъйин шудааст.
Ӯ дар ин мақом Сулаймон Зиёзодаро иваз кард, ки ҳамакнун муовини сарвазири Тоҷикистон мансуб гаштааст.
Дар ин бора як манбаи Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати кишоварзии кишвар хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Саъдӣ Каримзода бо фармони раисҷумҳури кишвар аз 26 январ ба ин мақом расидааст.
Ӯ гуфт, то расидан ба ин мақом Каримзода вазифаи муовини вазири кишоварзиро ба зимма дошт.
Каримзода Саъдӣ Ғафор 12 августи соли 1969 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст, хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон аст.
Ӯ ҳамзамон унвони номазади илмҳои биологияро дорад ва дар АМИТ низ кор кардааст.
Бинобар қобилияти забондонияш аз соли 1998 то соли 2007 ҳамчун аграном, намояндаи ташкилоти ғайридавлатии олмонии "Агроаксияи Олмон" ифои вазифа намудааст.
Солҳои 2007-2011 мавсуф дар Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) ба ҳайси ҳамоҳангсози барномаҳо кор карда, аз сентябри соли 2011 то апрели 2012 дар вазифаи мушовири байналмилалии "Маркази идораи лоиҳа оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ" фаъолият намудааст.
Бо қарори ҳукумат аз 31 августи соли 2012 ӯ дар вазифаи директори Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо" кор карда, 27 январи соли 2020 муовини аввали вазири кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон таъйин шуда буд.