Тоҷикистон дар қатори фасодзадатарин кишварҳои дунё

© Sputnik / Михаил Кутузов / Гузариш ба медиабонкДенежные купюры и монеты разных стран
Денежные купюры и монеты разных стран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Обуна шудан
Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ аз нигоҳи фасодзадагӣ бадтар шудааст
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Созмони байналмилалии ғайридавлатии "Transparency International" таҳқиқоти ҷадидашро дар робита ба фасодзадагии кишварҳои дунё мунташир кардааст
Тоҷикистон дар ин шохис миёни 180 кишвари дунё чун соли пешӣ бо 25 хол дар мақоми 150-ум ҷой гирифта, вориди гурӯҳи 30-гонаи кишварҳои фасодзадатарини ин радабандӣ шудааст.
Дар радабандии қаблии ин созмон кишвар дар ҷойи 149-ум қарор дошт, аммо дар соли 2021 як зина мавқеашро аз даст додааст.
Миёни кишварҳои Осиёи Маркази Ӯзбекистон мавқеяшро ду зина беҳтар карда, дар мақоми 140, аммо Қазоқистон бо аз даст додани як зина ҷойи 102-юмро ишғол кардааст. Қирғизистон бошад, бо 27 хол дар мақоми 148 қарор дорад.
Нишондоди бадтар аз Тоҷикистон дар қаламрави шӯравии собиқро танҳо Туркманистон дорад, ки дар зинаи 165-ум мавқеъ гирифтааст.
Ин радабандӣ бар пояи таҳлили хатарҳои сармоягузорӣ, озодии баён, сатҳи зиндагӣ ва дигар омилҳои таъсиррасон ба сатҳи фасодзадагӣ таҳия шудааст.
Миёни кишварҳои шӯравии собиқ Эстония 74 хол, Литва 60, Латвия ва Гурҷистон 56-холӣ, Белорусия 45, Арманистон 42, Қазоқистон 34, Молдова 32, Озарбойҷон, Қирғизистон, Украина – 30-холӣ, Тоҷикистону Узбакистон 25 хол ва Туркманистон 19 хол гирифтаанд.
Кофтукоби шахсии онҳо ва азназаргузаронии мошину телефонашон манъ: илова ба қонун
Пешсафҳои ин радабандӣ Дания, Зеландияи Нав, Финландия (бо 88-холӣ) ва Норвегия, Сингапур ва Шветсия (бо 85-балӣ) мебошанд.
Дар феҳристи фасодзадатаринҳо Судони Ҷанубӣ, Сомалӣ ва Сурия қарор гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0