https://sputnik.tj/20220126/tarh-rusiya-vurud-yakborai-muhojiron-1045150723.html
Тарҳи Русия дар сурати вуруди якбораи муҳоҷирони зиёд
Тарҳи Русия дар сурати вуруди якбораи муҳоҷирони зиёд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Русия азм доранд, ки барои ҳолати вуруди якбораи муҳоҷирони зиёд чораандешӣ намоянд
2022-01-26T12:05+0500
2022-01-26T12:05+0500
2022-01-26T17:51+0500
муҳоҷират
дар русия
гуреза
муҳоҷир
паноҳандагӣ
зиёд шудан
хориҷа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1b/1044443101_0:362:2997:2048_1920x0_80_0_0_b3888e7d7da446dcf46e6220072598b3.jpg
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Моқомоти умури муҳоҷирати Русия ният доранд, мафҳуми нав - "ҳимояти муваққатӣ"-ро дар қонун ҷо диҳанд. Дар ин бора Вазорати умури дохилии кишвар хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, дар лоиҳаи қонун зери мафҳуми "ҳимояи муваққатӣ" як намуди паноҳгоҳ барои хориҷиён дар назар дошта мешавад. Аз ин тариқ муҳоҷироне, ки ба таври оммавӣ вориди Русия шудаанд, мавриди ҳимоя қарор мегиранд. Таъкид шудааст, ки тарзи пешниҳоду маблағгузории паноҳгоҳҳои муваққатиро Ҳукумати Русия бар асоси Қонун дар бораи гурезаҳо муайян менамояд. Дар зимн муҳоҷирон ҳақ хоҳанд дошт, ки макони иқоматашонро дар Русия тағйир диҳанд. Маврид ба зикр аст, ки аз зарурати роҳандозии чунин иқдом баъди буҳрони Украина дар соли 2014-ум суҳбатҳо оғоз шуда буданд. Он гоҳ Русияро зарур омад, ки фавран вуруди оммавии муҳоҷирон аз ин кишварро танзим кунад. Тайи солҳои охир дар сиёсати бахши муҳоҷиратии Русия як қатор тағйирот ворид гардиданд. Аз аз ҷумла аз 29-уми декабри соли 2021 хориҷиёне, ки ба Русия ба муҳлати беш аз 90 рӯз омадаанд, бояд изи ангушт супоранду аксбардорӣ шаванд.
https://sputnik.tj/20220126/muhojiron-rusiya-daroz-sabt-nom-1045149115.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1b/1044443101_266:0:2997:2048_1920x0_80_0_0_56419c17d107d747d2dedbbb087f03b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тарҳ, русия, вуруд, муҳоҷирон, зиёд
тарҳ, русия, вуруд, муҳоҷирон, зиёд
Тарҳи Русия дар сурати вуруди якбораи муҳоҷирони зиёд
12:05 26.01.2022 (Навсозишуда: 17:51 26.01.2022) Мақомоти Русия азм доранд, ки барои танзими ҳолати вуруди якбораи муҳоҷирони зиёд иқдомотеро пиёда кунанд
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Моқомоти умури муҳоҷирати Русия ният доранд, мафҳуми нав - "ҳимояти муваққатӣ"-ро дар қонун ҷо диҳанд. Дар ин бора Вазорати умури дохилии кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар лоиҳаи қонун зери мафҳуми "ҳимояи муваққатӣ" як намуди паноҳгоҳ барои хориҷиён дар назар дошта мешавад. Аз ин тариқ муҳоҷироне, ки ба таври оммавӣ вориди Русия шудаанд, мавриди ҳимоя қарор мегиранд.
Таъкид шудааст, ки тарзи пешниҳоду маблағгузории паноҳгоҳҳои муваққатиро Ҳукумати Русия бар асоси Қонун дар бораи гурезаҳо муайян менамояд.
Дар зимн муҳоҷирон ҳақ хоҳанд дошт, ки макони иқоматашонро дар Русия тағйир диҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки аз зарурати роҳандозии чунин иқдом баъди буҳрони Украина дар соли 2014-ум суҳбатҳо оғоз шуда буданд. Он гоҳ Русияро зарур омад, ки фавран вуруди оммавии муҳоҷирон аз ин кишварро танзим кунад.
Тайи солҳои охир дар сиёсати бахши муҳоҷиратии Русия як қатор тағйирот ворид гардиданд. Аз аз ҷумла аз 29-уми декабри соли 2021 хориҷиёне, ки ба Русия ба муҳлати беш аз 90 рӯз омадаанд, бояд изи ангушт супоранду аксбардорӣ шаванд.