https://sputnik.tj/20220126/ruykhati-siyoh-maqom-qirghiziston-1045150190.html
Таҳияи "рӯйхати сиёҳ"-и ашхосе дар Қирғизистон, ки ба мақоми давлатӣ таъйин намешаванд
Таҳияи "рӯйхати сиёҳ"-и ашхосе дар Қирғизистон, ки ба мақоми давлатӣ таъйин намешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Девони вазирони Қирғизистон қасд доранд, феҳристеро таъсис диҳад, ки дар он собиқ мансабдорони бо сабабҳои манфӣ аз кор озодшуда шомил мешаванд
2022-01-26T11:45+0500
2022-01-26T11:45+0500
2022-01-26T17:46+0500
сиёсат
қирғизистон
рӯйхати сиёҳ
мақомот
хизматчиёни давлатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102280/69/1022806910_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_9318274731b57b00634fefe7b6d6e3d0.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Девони вазирони Қирғизистон мехоҳад "рӯйхати сиёҳ"-и шахсонеро, ки ба хидмати давлатӣ ва мунисипалӣ қабул намешаванд, таҳия кунад. Ин ният дар нақшаи татбиқи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Қирғизистон то соли 2026, ки қаблан тасвиб шуда буд, инъикос ёфтааст, менависад Sputnik Қирғизистон.Гуфта мешавад, дар семоҳаи чоруми соли ҷорӣ таҳияи лоиҳаи қонун дар назар аст, ки меъёри манъи таъини шахсонеро, ки қаблан барои ҷиноятҳои марбут ба фасод ё дуздии моликияти давлатӣ ё коммуналӣ ба додгоҳ кашида шудаанд, пешбинӣ менамояд. Дар нақшаи чорабиниҳо гуфта мешавад, мамнуият новобаста аз он ки доғи судӣ пок шудааст ё на, татбиқ мешавад. Илова бар ин ташкили феҳристи шахсоне, ки аз хидмати давлатӣ ё коммуналӣ бо далелҳои манфӣ озод карда шудаанд, пешбинӣ шудааст. Ҳукуматдорон қасд доранд, ин маълумотро дар дастраси ҳама қарор диҳанд. Ҳамчунин дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ таҳияи талаботи тахассусӣ дар назар аст, ки дар он меъёрҳои пазириши довталабон ба мансабҳои давлатӣ дақиқ нишон дода мешавад.
https://sputnik.tj/20220120/dastur-jabborov-toshiev-diplom-kormanon-davlat-1044972154.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102280/69/1022806910_169:0:890:541_1920x0_80_0_0_b7e72645c45b90eadde659caca46911c.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, рӯйхати сиёҳ, мақомдорон
қирғизистон, рӯйхати сиёҳ, мақомдорон
Таҳияи "рӯйхати сиёҳ"-и ашхосе дар Қирғизистон, ки ба мақоми давлатӣ таъйин намешаванд
11:45 26.01.2022 (Навсозишуда: 17:46 26.01.2022) Девони Вазирони Қирғизистон қасд доранд, феҳристеро тартиб диҳад, ки мансабдорони собиқ бо сабабҳои манфӣ аз кор озодшударо шомил мешаванд
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Девони вазирони Қирғизистон мехоҳад "рӯйхати сиёҳ"-и шахсонеро, ки ба хидмати давлатӣ ва мунисипалӣ қабул намешаванд, таҳия кунад.
Ин ният дар нақшаи татбиқи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Қирғизистон то соли 2026, ки қаблан тасвиб шуда буд, инъикос ёфтааст, менависад Sputnik Қирғизистон.
Гуфта мешавад, дар семоҳаи чоруми соли ҷорӣ таҳияи лоиҳаи қонун дар назар аст, ки меъёри манъи таъини шахсонеро, ки қаблан барои ҷиноятҳои марбут ба фасод ё дуздии моликияти давлатӣ ё коммуналӣ ба додгоҳ кашида шудаанд, пешбинӣ менамояд.
Дар нақшаи чорабиниҳо гуфта мешавад, мамнуият новобаста аз он ки доғи судӣ пок шудааст ё на, татбиқ мешавад.
Илова бар ин ташкили феҳристи шахсоне, ки аз хидмати давлатӣ ё коммуналӣ бо далелҳои манфӣ озод карда шудаанд, пешбинӣ шудааст.
Ҳукуматдорон қасд доранд, ин маълумотро дар дастраси ҳама қарор диҳанд.
Ҳамчунин дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ таҳияи талаботи тахассусӣ дар назар аст, ки дар он меъёрҳои пазириши довталабон ба мансабҳои давлатӣ дақиқ нишон дода мешавад.