https://sputnik.tj/20220126/parvoz-dokhili-qazoqiston-barqaror-1045155101.html
Парвозҳои дохилӣ дар Қазоқистон пурра барқарор шуд
Парвозҳои дохилӣ дар Қазоқистон пурра барқарор шуд
Sputnik Тоҷикистон
То имрӯз дар Қазоқистон 605 парвози доимӣ анҷом дода мешавад
2022-01-26T13:15+0500
2022-01-26T13:15+0500
2022-01-26T18:05+0500
қазоқистон
барқарор кардан
парвозҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044974979_0:66:2371:1399_1920x0_80_0_0_fadb45d1acec8b784edba425af4f79c8.jpg
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар пайи лағви вазъи изтирорӣ дар қаламрави Қазоқистон шабакаи хатсайрҳои парвозҳои дохилӣ пурра барқарор шуд, хабар медиҳад Кумитаи авиатсияи гражданӣ. Ҳоло дар ин кишвар 605 парвози доимӣ дар 57 хатсайри дохилӣ анҷом мешавад, менависад Sputnik Қазоқистон. Кумита афзуд, мусофирони хатсайрҳои дар замони вазъияти изтирорӣ лағвшуда метавонанд барои баргардонидани арзиши пурраи чиптаҳо муроҷиат кунанд ва ё дар ҷои харид билеташонро бо чиптаҳои дигар рӯзҳои парвоз ройгон иваз кунанд. Парвозҳо тибқи қарори сардухтури давлатии санитарии нақлиёти №3 аз 13 январ сурат мегиранд. То кунун парвозҳои байналмилалӣ бо 25 кишвари ҷаҳон бо басомади 257 парвоз дар як ҳафта анҷом дода мешаванд, ки аз ин қабиланд: Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Бритониёи Кабир, Венгрия, Ветнам, Олмон, Гурҷистон, Ҳиндустон, Қатар, Куриё, Кувейт, Қирғизистон, Малдив, Нидерландия, БАА, Лаҳистон, РФ, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон, Украина, Шри-Ланка дар 76 хатсайр. Ёдовар мешавем, тазоҳуроти оммавӣ дар Қазоқистон дар авоили январи соли 2022 оғоз шуда буд. Сабаби баргузории гирдиҳамоӣ ду баробар боло рафтани нархи гази моеъ гуфта мешуд.Тоқаев сабаби аслии нооромиҳоро гуфт: Даромади элита зиёду аз аҳолӣ камҲукумат омодагии худро барои кам кардани хароҷот эълон кард, аммо эътирозҳо дар шаҳрҳои дигар паҳн шуданд. Дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Қазоқистон вазъияти изтирорӣ ва соати комендантӣ ҷорӣ, чорабиниҳои оммавӣ ва фурӯши аслиҳа манъ шуд.Бо дархости президенти кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев сулҳофарони СААД ба қаламрави ин кишвар оварда шуданд.Тибқи маълумоти ахир, хисороти ошӯб дар Қазоқистон беш аз ду миллиард долларро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол 4578 нафар маҷрӯҳ, 225 нафар, аз ҷумла 19 маъмури амниятӣ кушта шуданд.
https://sputnik.tj/20220125/barqarorsozi-gumruk-qazoqiston-1045142419.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044974979_0:0:2107:1580_1920x0_80_0_0_bdc7386e2f618aae3d20f376289e01aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парвозҳо, қазоқистон, дохилӣ, байналмилалӣ
парвозҳо, қазоқистон, дохилӣ, байналмилалӣ
Парвозҳои дохилӣ дар Қазоқистон пурра барқарор шуд
13:15 26.01.2022 (Навсозишуда: 18:05 26.01.2022) Феълан дар Қазоқистон 605 парвози доимӣ анҷом дода мешавад
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар пайи лағви вазъи изтирорӣ дар қаламрави Қазоқистон шабакаи хатсайрҳои парвозҳои дохилӣ пурра барқарор шуд, хабар медиҳад Кумитаи авиатсияи гражданӣ.
Ҳоло дар ин кишвар 605 парвози доимӣ дар 57 хатсайри дохилӣ анҷом мешавад, менависад Sputnik Қазоқистон.
Кумита афзуд, мусофирони хатсайрҳои дар замони вазъияти изтирорӣ лағвшуда метавонанд барои баргардонидани арзиши пурраи чиптаҳо муроҷиат кунанд ва ё дар ҷои харид билеташонро бо чиптаҳои дигар рӯзҳои парвоз ройгон иваз кунанд.
Парвозҳо тибқи қарори сардухтури давлатии санитарии нақлиёти №3 аз 13 январ сурат мегиранд.
То кунун парвозҳои байналмилалӣ бо 25 кишвари ҷаҳон бо басомади 257 парвоз дар як ҳафта анҷом дода мешаванд, ки аз ин қабиланд: Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Бритониёи Кабир, Венгрия, Ветнам, Олмон, Гурҷистон, Ҳиндустон, Қатар, Куриё, Кувейт, Қирғизистон, Малдив, Нидерландия, БАА, Лаҳистон, РФ, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон, Украина, Шри-Ланка дар 76 хатсайр.
Ёдовар мешавем, тазоҳуроти оммавӣ дар Қазоқистон дар авоили январи соли 2022 оғоз шуда буд. Сабаби баргузории гирдиҳамоӣ ду баробар боло рафтани нархи гази моеъ гуфта мешуд.
Ҳукумат омодагии худро барои кам кардани хароҷот эълон кард, аммо эътирозҳо дар шаҳрҳои дигар паҳн шуданд. Дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Қазоқистон вазъияти изтирорӣ ва соати комендантӣ ҷорӣ, чорабиниҳои оммавӣ ва фурӯши аслиҳа манъ шуд.
Бо дархости президенти кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев сулҳофарони СААД ба қаламрави ин кишвар оварда шуданд.
Тибқи маълумоти ахир, хисороти ошӯб дар Қазоқистон беш аз ду миллиард долларро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол 4578 нафар маҷрӯҳ, 225 нафар, аз ҷумла 19 маъмури амниятӣ кушта шуданд.