https://sputnik.tj/20220126/mastchoh-korgohi-istehsol-kislorod-1045175677.html
Дар авҷи COVID кислород намерасид: Мастчоҳ соҳиби коргоҳи истеҳсоли кислород мешавад
Дар авҷи COVID кислород намерасид: Мастчоҳ соҳиби коргоҳи истеҳсоли кислород мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ноҳияе дар шимоли кишвар, ки замони авҷи бемории коронавирус ба мушкили норасоии кислород мувоҷеҳ буд, соҳиби коргоҳи истеҳмоли кислород мешавад
2022-01-26T20:00+0500
2022-01-26T20:00+0500
2022-01-26T20:00+0500
дар тоҷикистон
истеҳсол
тандурустӣ
мастчоҳ
бунгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1d/1032177936_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_fda32f42f37e2132a2ba5194a4a03873.jpg
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар назди беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи истеҳсоли кислород бунёд мешавад.Дар ин бора мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳанд.Гуфта мешавад, замони авҷи ҳамагир норосоии кислород дар беморхона мушкилиҳои зиёде ба вуҷуд оварда буд. Тибқи гузориши манбаъ, коргоҳи мазкур барои 18 нуқтаи кислородтаъминкунии шуъбаҳои амалиёт, эҳё ва таваллудхона, инчунин дигар муассисаҳои табобатии ҷамоату шаҳракҳои деҳот пешбинӣ шудааст. Интизор меравад, бо бунёди ин коргоҳ мушкили норасоии кислород дар ин ноҳия рафъ шавад.Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ соли 1964 бунёд гардида, дорои 275 кати табобатӣ ва 12 шуъбаи муоинавию муолиҷавӣ мебошад.Ҳамчунин дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои таъмиру навсозии шуъбаҳои ҷарроҳӣ, амрози занони ҳомила идома доранд.Шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ин ноҳия бо дастгирӣ ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ таъмиру навсозӣ шуда истодааст.Соҳибкорони маҳаллӣ бошад, ният кардаанд, ки дару тирезаҳои шуъбаи мазкурро бо дару тирезаҳои пластикӣ иваз намуда, ҳуҷраҳои табобатии онро рангубор намоянд.
https://sputnik.tj/20220115/aloi-tojikictoniyon-omikron-karantin-1044842342.html
мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1d/1032177936_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_8b0f80bba491a3b685eb2d4e46b5ac90.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мастчоҳ, кислород, коргоҳ,
мастчоҳ, кислород, коргоҳ,
Дар авҷи COVID кислород намерасид: Мастчоҳ соҳиби коргоҳи истеҳсоли кислород мешавад
Ноҳияе дар шимоли Тоҷикистон, ки замони авҷи бемории коронавирус ба мушкили норасоии кислород мувоҷеҳ буд, соҳиби коргоҳи истеҳсоли кислород мешавад
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар назди беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи истеҳсоли кислород бунёд мешавад.
Дар ин бора мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳанд.
Гуфта мешавад, замони авҷи ҳамагир норосоии кислород дар беморхона мушкилиҳои зиёде ба вуҷуд оварда буд.
"Ҳоло бо дастгирии мақомоти иҷроия сохтмони ин коргоҳ оғоз гардида, таҳкурсии бино гузошта шудааст", - омадааст дар хабар.
Тибқи гузориши манбаъ, коргоҳи мазкур барои 18 нуқтаи кислородтаъминкунии шуъбаҳои амалиёт, эҳё ва таваллудхона, инчунин дигар муассисаҳои табобатии ҷамоату шаҳракҳои деҳот пешбинӣ шудааст.
Интизор меравад, бо бунёди ин коргоҳ мушкили норасоии кислород дар ин ноҳия рафъ шавад.
Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ соли 1964 бунёд гардида, дорои 275 кати табобатӣ ва 12 шуъбаи муоинавию муолиҷавӣ мебошад.
Ҳамчунин дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои таъмиру навсозии шуъбаҳои ҷарроҳӣ, амрози занони ҳомила идома доранд.
Шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ин ноҳия бо дастгирӣ ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ таъмиру навсозӣ шуда истодааст.
Соҳибкорони маҳаллӣ бошад, ният кардаанд, ки дару тирезаҳои шуъбаи мазкурро бо дару тирезаҳои пластикӣ иваз намуда, ҳуҷраҳои табобатии онро рангубор намоянд.