Ҳушдори КҲФ аз се рӯзи пурбориш ва хатари сангрезию тармафароӣ дар роҳҳо

© Facebook / Филиал "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" в РТЗаснеженная трасса Душанбе-Чанак
Заснеженная трасса Душанбе-Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ронандагону шаҳрвандон хоҳиш намуд, ки бидуни зарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ ба сафар набароянд
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Аз 28 то 31 январ дар Тоҷикистон ҳаво ноустувор мешавад ва боришоти шадиди борону бар фдара назар аст.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо истинод ба Оҷонсии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад.

"Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 28-29-уми январ ноустувор шудани ҳаво ба амал омада, дар ҷумҳурӣ боришоти шадиди борон ва дар баландии зиёда аз 2000 метр боридани барф пешгӯӣ мешавад", - омадааст дар хабари кумита.

Ин ниҳод меафзояд, аз 29 то 31 январи соли равон дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман дар назар аст.
Гуфта мешавад, дар роҳҳои Душанбе - Айнӣ - Хуҷанд, Душанбе - Сангвор, Ваҳдат - Рашт - Лахш - Карамиқ, Ш.Шоҳин - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб яхбандӣ боқӣ монда, хатари фаромадани тарма ва сангрезӣ мавҷуд аст.
Дар робита ба ин КҲФ барои пешгирии садамаҳо дар роҳҳо аз ронандагон хоҳиш ва хотиррасон мекунад, ки пеш аз сафар воситаҳои нақлиёти худро омода созанд, чархҳои тобистонаро ба чархҳои зимистона иваз кунанд.
Камнепад в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Роҳи мошингарди Рӯшон - Бартанг баста шуд: шарҳи КҲФ
Тавсия дода мешавад, ки мошинҳои боркаш занҷирҳои зиддилағзиш дошта бошанд ва ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ меъёри суръат ва фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд.
Илова бар ин ин ниҳод аз ронандагон ва тамоми шаҳрандон дархост намудааст, ки дар чунин рӯзҳо бидуни зарурат ба сафар набароянд.
Лентаи хабарҳо
0