Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Барканорӣ ва мақоми нави қудои Аҳмадзода: Маҷидӣ кист?

© Мақомоти иҷроияи шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода, раиси шаҳри Гулистон
 Бахтиёр Саидаҳмадзода, раиси шаҳри Гулистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Обуна шудан
Мудири кулли қаблии корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада - "Апреловка" ба мақомаш баргашт
ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода аз вазифаи раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд барканор шуд. Ӯ ки як соли пеш ба ин мақом таъйин гардида буд, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 26 январ барканор ва ҳамзамон вазифаи нав гирифт.
Дар бораи ин таъйиноти кадрӣ дафтари матбуотии раисиҷумҳур иттилоъ дод.
Дар ҷараёни таъйиноти кадрӣ Маҷидӣ мудири кулли Корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада - "Апреловка" дар шаҳри Гулистон таъйин гардид.
Номбурда қудои Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд буда, дубора ба мақоми қаблии худ дар коргоҳи тавлидотии “Апреловка”-и шаҳри Гулистон баргаштааст.
Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода, 18 июни соли 1968 дар ноҳияи Панҷ дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.
Вице-мэр города Душанбе Мавсума Муини - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Курсии муовини Рустами Эмомалӣ холӣ шуд: Муинӣ ба Суғд рафт
Соли 1996 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси мошинҳо ва дастгоҳҳои саноати бофандагӣ ва ҳамчунин соли 2011 Донишгоҳи кӯҳӣ -металлургии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси саноати кӯҳӣ хатм кардааст.
Таҳсилкардаи Академияи хизмати давлатии назди президенти Федератсияи Русия мебошад. Ӯ фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1985 оғоз намуда, то соли 1995 ба ҳайси сардори шуъба дар ҶСК "Темурмалик" кор кардааст.
Раъно Ҳошимзода аз Бӯстон ба Гулистон рафт: идомаи таъйиноти кадрӣ дар Суғд
Соли 1996 директори ҶДММ “Бахтиёр” буд. То соли 1999 дар корхонаи муштараки “Апреловка” аз нозир то вазифаи сармеханик фаъолият намудааст. Соли 2020 як дафъа директори генералии ин корхона таъйин шуда буд. Аз 18 ноябри соли 2020 раиси шаҳри Гулистон таъйин гардид.
Ҳоло бо фармони раисиҷумҳур аз ин мақом барканор ва дубора мудири кулли “Апреловка” шудааст.
Мавсуф вакили Маҷлиси вакилони вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон буда, бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0