Панҷ сол боз касе аз маҳбас нагурехтааст: афзоиши зиндониён дар Ӯзбекистон

© Sputnik / Иван Руднев / Гузариш ба медиабонкИсправительная колония, архивное фото
Исправительная колония, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Обуна шудан
Дар давоми як сол шумораи маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳии Ӯзбекистон қариб ҳафт ҳазор нафар афзудааст
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Раёсати иҷрои ҷазои Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон шумори маҳкумшудагонро дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ дар қаламрави ин ҷумҳурӣ гуфт.
То кунун муассисаҳои ислоҳӣ беш аз 29 ҳазор нафар маҳкумшуда доранд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон.
Муайян шудааст, ки беш аз ҳафт ҳазор нафар дар колонияҳои ислоҳӣ ва 22 ҳазор нафар дар дигар навъи колонияҳои ислоҳӣ қарор доранд.
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Қирғизистон ҳукми абади ду тоҷикро ба 20 соли зиндон тағйир дод
Дар маҷмуъ, тибқи маълумоти ин идора, дар Ӯзбекистон 54 маҳбас мавҷуд аст, ки аз ин шумора 18-тоаш баста, 25-тоаш муассисаи ислоҳии сукунатӣ ва 11-тои дигар боздоштгоҳ мебошанд.
Гуфта мешавад, ки тайи панҷ соли ахир ягон маҳбус аз муассисаҳои баста фирор накардааст. Ба гуфтаи ин раёсат, маҳкумшудагон аз оқибатҳои вазнини чунин ҷиноят огоҳанд.
Даргузашти шаҳрванди Қирғизистон дар маҳбаси Тоҷикистон
Дар давоми як сол шумораи маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳии ин кишвар қариб ҳафт ҳазор нафар афзудааст.
Моҳи январи соли гузашта дар муассисаҳои ислоҳӣ 22 хазор нафар маҳкумшуда буд. Бештар аз нисфи онҳо, яъне 14 ҳазор нафарашон дар зиндонҳои баста, боқимонда дар муассисаи ислоҳии сукунатӣ адои ҷазо мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0