https://sputnik.tj/20220125/tajikistan-belarus-tashkil-korkhona-liftbarori-1045115356.html
Қасди Тоҷикистону Беларус барои ташкили корхонаи муштараки лифтбарорӣ
Қасди Тоҷикистону Беларус барои ташкили корхонаи муштараки лифтбарорӣ
Sputnik Тоҷикистон
Гуруҳи корӣ масъалаи ташкили корхонаи муштараки Тоҷикистону Белорус барои тавлиди лифтро баррасӣ мекунад
2022-01-25T12:30+0500
2022-01-25T12:30+0500
2022-01-25T17:49+0500
дар тоҷикистон
истеҳсол
саноат
хуҷанд
белорус
лифт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/03/1032203110_0:221:2857:1828_1920x0_80_0_0_1f4e514b73d73f9f062c70b12e86c450.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Ташкили корхонаи муштарак аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд бо намояндагони ширкати беларусии "Могилевлифтмаш" буд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Хуҷанд, Александр Сорокин, сардори бюрои фуруши ширкати беларусии "Могилевлифтмаш" дар суҳбат бо Шарифзода таъкид дошт, ки ҳадафи сафарашон роҳандозии ҳамкорӣ мебошад. Шарифзода аз бародаршаҳрии Хуҷанд ва Могилёв зикр намуда, афзуд, ки ҳамкориҳо ба сатҳи нав баромадаанд. Раиси Хуҷанд омодагии шаҳрдориро барои ба роҳ мондани корхонаи муштараки васлу насб ва истеҳсоли лифт баён дошт. Ба гуфтаи Шарифзода, ин иқдом имкон медиҳад, ки сокинони хонаҳои баландошёна ва идораву корхонаҳо бо лифт таъмин шаванду тавонанд барои қонеъ намудани талаботи навоҳии дигар саъй намоянд. Сорокин, масъули "Могилевлифтмаш" изҳор доштаст, ки ширкат омодааст, ҳар гуна шакли ҳамкориро қабул намояд. Созиш шудааст, ки ҷонибҳо дар зудтарин фурсат бо ҷалби гурӯҳҳои корӣ барои таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли лифтҳо фаъолиятро оғоз намоянд. Зикр шудааст, ки "Могилевлифтмаш" зиёда аз 180 модели лифтҳоро истеҳсол менамояд, ки иқтидори борбардорияшон аз 100 то 6 ҳазору 300 кило мебошад.
https://sputnik.tj/20211104/minsk-sughd-korkhona-navi-sanoati-bunyod-1043272215.html
хуҷанд
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/03/1032203110_62:0:2793:2048_1920x0_80_0_0_c9d8ed428ff3e686f1ee889f05a8bc2d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
созиш, ташкил, корхона, лифтбарорӣ, хуҷанд
созиш, ташкил, корхона, лифтбарорӣ, хуҷанд
Қасди Тоҷикистону Беларус барои ташкили корхонаи муштараки лифтбарорӣ
12:30 25.01.2022 (Навсозишуда: 17:49 25.01.2022) Гурӯҳи корӣ масъалаи ташкили корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус барои тавлиди лифтро баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Ташкили корхонаи муштарак аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд бо намояндагони ширкати беларусии "Могилевлифтмаш" буд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Хуҷанд, Александр Сорокин, сардори бюрои фуруши ширкати беларусии "Могилевлифтмаш" дар суҳбат бо Шарифзода таъкид дошт, ки ҳадафи сафарашон роҳандозии ҳамкорӣ мебошад.
Шарифзода аз бародаршаҳрии Хуҷанд ва Могилёв зикр намуда, афзуд, ки ҳамкориҳо ба сатҳи нав баромадаанд.
Раиси Хуҷанд омодагии шаҳрдориро барои ба роҳ мондани корхонаи муштараки васлу насб ва истеҳсоли лифт баён дошт. Ба гуфтаи Шарифзода, ин иқдом имкон медиҳад, ки сокинони хонаҳои баландошёна ва идораву корхонаҳо бо лифт таъмин шаванду тавонанд барои қонеъ намудани талаботи навоҳии дигар саъй намоянд.
Сорокин, масъули "Могилевлифтмаш" изҳор доштаст, ки ширкат омодааст, ҳар гуна шакли ҳамкориро қабул намояд.
Созиш шудааст, ки ҷонибҳо дар зудтарин фурсат бо ҷалби гурӯҳҳои корӣ барои таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли лифтҳо фаъолиятро оғоз намоянд.
Зикр шудааст, ки "Могилевлифтмаш" зиёда аз 180 модели лифтҳоро истеҳсол менамояд, ки иқтидори борбардорияшон аз 100 то 6 ҳазору 300 кило мебошад.