https://sputnik.tj/20220125/subhi-barvaqt-dar-tojikiston-zaminlarza-rukh-dod-1045110588.html
Субҳи барвақт дар Тоҷикистон заминларза рух дод
Субҳи барвақт дар Тоҷикистон заминларза рух дод
Sputnik Тоҷикистон
Заминларзаи нав соати 06:41 ба вақти маҳаллӣ дар шимолу ғарби ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуд
2022-01-25T09:30+0500
2022-01-25T09:30+0500
2022-01-25T13:18+0500
заминларза
дар тоҷикистон
ом
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/11/1044868314_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_2ea85e3a2d11876e22f695b2574f6e20.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон боз заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон гузориш медиҳад.Вуқуи ин заминларза субҳи барвақти 25 январ, соати 06:41 ба вақти маҳаллӣ сабт шудаааст.Ба иттилои манбаъ, он бо шиддати 3,9 балл дар умқи тақрибан 20 километр рух додааст. Ба гуфтаи сейсмологҳо, заминларза дар самти шимолу ғарбии ҷумҳурӣ ба сабт расидааст. Координатаҳои он 38,91 дараҷаи арзи шимолӣ ва 70,12 дараҷаи тӯли шарқӣ мебошад. Коршиносони ӯзбек қайд мекунанд, ки маркази заминларза дар масофаи 273 километр дар самти ҷанубу шарқи Тошканд воқеъ будааст. Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон то ҳол дар бораи хисороти расида аз ин зилзила иттилоъ надодааст. Қобили зикр аст, ки ин гуна заминларза дар кишвар дар рӯзи истироҳатӣ – 22 январ низ рух додааст. Он дар шимоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар наздикии деҳаи Сафедорон иттифоқ уфтодааст. Қаблан гуфта мешуд, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба феҳристи минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ ноором вориданд.
https://sputnik.tj/20220122/junbish-vmkb-zaminlarza-1045059692.html
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/11/1044868314_205:0:2817:1959_1920x0_80_0_0_6e712dc3ea28fccd8604b9889a840ee4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
субҳи тоҷикистон заминларза
субҳи тоҷикистон заминларза
Субҳи барвақт дар Тоҷикистон заминларза рух дод
09:30 25.01.2022 (Навсозишуда: 13:18 25.01.2022) Заминларзаи нав соати 06:41 ба вақти маҳаллӣ дар шимолу ғарби ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон боз заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон гузориш медиҳад.
Вуқуи ин заминларза субҳи барвақти 25 январ, соати 06:41 ба вақти маҳаллӣ сабт шудаааст.
Ба иттилои манбаъ, он бо шиддати 3,9 балл дар умқи тақрибан 20 километр рух додааст.
Ба гуфтаи сейсмологҳо, заминларза дар самти шимолу ғарбии ҷумҳурӣ ба сабт расидааст.
Координатаҳои он 38,91 дараҷаи арзи шимолӣ ва 70,12 дараҷаи тӯли шарқӣ мебошад.
Коршиносони ӯзбек қайд мекунанд, ки маркази заминларза дар масофаи 273 километр дар самти ҷанубу шарқи Тошканд воқеъ будааст.
Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон то ҳол дар бораи хисороти расида аз ин зилзила иттилоъ надодааст.
Қобили зикр аст, ки ин гуна заминларза дар кишвар дар рӯзи истироҳатӣ – 22 январ низ рух додааст.
Он дар шимоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар наздикии деҳаи Сафедорон иттифоқ уфтодааст.
Қаблан гуфта мешуд, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба феҳристи минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ ноором вориданд.