https://sputnik.tj/20220125/shahrvand-rusiya-1045137636.html
Дар як сол беш аз 700 ҳазор хориҷӣ шаҳрванди Русия шуд
Дар як сол беш аз 700 ҳазор хориҷӣ шаҳрванди Русия шуд
Sputnik Тоҷикистон
Шиносномаи Русияро беш аз як соли пеш 79 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ дарёфт кардаанд
2022-01-25T18:40+0500
2022-01-25T18:40+0500
2022-01-25T19:52+0500
муҳоҷират
шаҳрвандӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар соли 2021 беш аз 735 000 хориҷӣ шаҳрвандии Русияро гирифтааст. Дар ин бора вазорати корҳои дохилии Русия хабар додааст. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, дар як соли ахир 656 ҳазору 347 атбои хориҷӣ шаҳрванди Русия шудаанд, ки нисбат ба соли 2020 79 ҳазор нафар бештар аст. Ҳамчунин, тибқи гузориши Вазорати умури дохилӣ, теъдоди хориҷиёне, ки барои муҳоҷират сабти ном шудаанд, афзоиш ёфтааст. Дар соли 2020 9 миллиону 802 ҳазор нафар сабти ном шуда буданд ва дар ҳамин давраи соли 2021 ин рақам 13 миллиону 393 ҳазор нафарро ташкил медод. Дар ҳамин ҳол шаҳрвандони хориҷӣ аз кишварҳои бо низоми раводид ба Русия камтар ворид шудаанд. "Дар соли 2021 ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд 216,4 ҳазор раводид дода шудааст", - омадааст дар хабарнома. Дар охири моҳи декабри соли 2021 раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Думаи давлатӣ лоиҳаи Қонун "Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия"-ро пешниҳод кард, ки дар он коҳиши талабот ба як қатор гурӯҳҳои мардум пешбинӣ шудааст.Қаблан муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ҳушдор дода буд, ки ба зудӣ Русия мувоҷеҳи вуруди муҳоҷирони зиёд мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ин вазъ ҳатто сарфи назар аз маҳдудиятҳо бар асари пандемия аз коронавирус сурат хоҳад гирифт. Қобили зикр аст, дар миёни хориҷиёне, ки ба Федератсияи Русия барои муҳоҷирати корӣ меоянд, бештар тоҷикон, ӯзбекҳо ва қирғизҳо ҳастанд. Гуфта мешавад, ки ин мизон беш аз 82 дарсади муҳоҷирони кории хориҷиро дар Русия ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20211226/muhojiron-shahrvandi-rusiya-1044415063.html
https://sputnik.tj/20211116/bozdosht-guruh-muhojiron-shahrvandi-1043573387.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шаҳрванди русия,
Дар як сол беш аз 700 ҳазор хориҷӣ шаҳрванди Русия шуд
18:40 25.01.2022 (Навсозишуда: 19:52 25.01.2022) Шиносномаи Русияро нисбат ба соли қабл 79 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ бештар дарёфт кардаанд
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар соли 2021 беш аз 735 000 хориҷӣ шаҳрвандии Русияро гирифтааст. Дар ин бора вазорати корҳои дохилии Русия хабар додааст.
"Теъдоди хориҷиёне, ки шаҳрвандии Русияро дар соли 2021 дарёфт кардаанд, 735 ҳазору 385 нафарро ташкил додааст", — омадааст дар хабари вазорат.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, дар як соли ахир 656 ҳазору 347 атбои хориҷӣ шаҳрванди Русия шудаанд, ки нисбат ба соли 2020 79 ҳазор нафар бештар аст.
Ҳамчунин, тибқи гузориши Вазорати умури дохилӣ, теъдоди хориҷиёне, ки барои муҳоҷират сабти ном шудаанд, афзоиш ёфтааст.
Дар соли 2020 9 миллиону 802 ҳазор нафар сабти ном шуда буданд ва дар ҳамин давраи соли 2021 ин рақам 13 миллиону 393 ҳазор нафарро ташкил медод.
Дар ҳамин ҳол шаҳрвандони хориҷӣ аз кишварҳои бо низоми раводид ба Русия камтар ворид шудаанд.
"Дар соли 2021 ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд 216,4 ҳазор раводид дода шудааст", - омадааст дар хабарнома.
Дар охири моҳи декабри соли 2021 раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Думаи давлатӣ лоиҳаи Қонун "Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия"-ро пешниҳод кард, ки дар он коҳиши талабот ба як қатор гурӯҳҳои мардум пешбинӣ шудааст.
Қаблан муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ҳушдор дода буд, ки ба зудӣ Русия мувоҷеҳи вуруди муҳоҷирони зиёд мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, ин вазъ ҳатто сарфи назар аз маҳдудиятҳо бар асари пандемия аз коронавирус сурат хоҳад гирифт.
Қобили зикр аст, дар миёни хориҷиёне, ки ба Федератсияи Русия барои муҳоҷирати корӣ меоянд, бештар тоҷикон, ӯзбекҳо ва қирғизҳо ҳастанд.
Гуфта мешавад, ки ин мизон беш аз 82 дарсади муҳоҷирони кории хориҷиро дар Русия ташкил медиҳад.