https://sputnik.tj/20220125/sarvazir-rusiya-muboriza-omikron-peshdasti-1045141233.html
Мишустин хост, дар мубориза бо омикрон аз пешдастӣ кор гирифта шавад
Мишустин хост, дар мубориза бо омикрон аз пешдастӣ кор гирифта шавад
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Русия вазъи марбути коронавирус дар кишварро мураккаб хонда, даъват намуд, ки назорат дар ин самт пурзӯр гардад
2022-01-25T20:00+0500
2022-01-25T20:00+0500
2022-01-25T20:07+0500
тандурустӣ
дар русия
гирифторон
мубориза
коронавирус
бемор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103118/99/1031189939_0:0:3045:1714_1920x0_80_0_0_1987d51e1abc90a8f2c7568f77c42e60.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Михаил Мишустин, сарвазири Русия хост, дар мубориза бо навъи нави коронавирус - омикрон аз шеваи пешдастӣ кор гирифта шавад. Мишустин зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо коронавирус изҳор дошт, ки вазъияти марбут ба ин беморӣ сода нест. Вай таъкид намуд, масъалаи муҳим ваксинагирӣ мебошад, ки танҳо бо ҳамин роҳ метавон пеши роҳи коронавирусро гирифт. Ин дар ҳолест, ки навъи нави коронавирус - омикрон дар 68 минтақаи Русия ба қайд гирифта шудааст. Ба иттилои Ситоди фаврии мубориза бо коронавирус дар Русия, давоми шабонарӯзи охир 12 ҳазору 837 нафар бемори COVID-19 бистарӣ шудаанд, ки дар муқоиса бо шабонарӯзи қаблӣ 115% зиёд мебошад. Таъкид шудааст, ки тайи шабонарӯзи охир 67 ҳазору 809 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт гардида, 681 нафар аз ин беморӣ ҷон додааст.Мақомоти Русия мегӯянд, ҳамоно ваксинагирӣ муътамадтарин роҳи ҷилавгирӣ аз коронавирус мебошад. Михаил Мурашко, вазири тандурустии Русия ахиран гуфт, сатҳи ваксинагирӣ дар кишвар то ба 70 дарсад расидааст.
https://sputnik.tj/20220125/tedod-bemoron-bistari-koronavirus-shabonaruz-1045122123.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103118/99/1031189939_157:0:2888:2048_1920x0_80_0_0_567b609b36f597ddb2404fc843060e8d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мишустин, сарвазир, омикрон, коронавирус, мубориза
мишустин, сарвазир, омикрон, коронавирус, мубориза
Мишустин хост, дар мубориза бо омикрон аз пешдастӣ кор гирифта шавад
20:00 25.01.2022 (Навсозишуда: 20:07 25.01.2022) Сарвазири Русия вазъи марбути коронавирус дар ин кишварро мураккаб хонда, даъват намуд, ки назорат дар ин самт пурзӯр гардад
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Михаил Мишустин, сарвазири Русия хост, дар мубориза бо навъи нави коронавирус - омикрон аз шеваи пешдастӣ кор гирифта шавад.
Мишустин зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо коронавирус изҳор дошт, ки вазъияти марбут ба ин беморӣ сода нест.
"Назорати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва захираи доруҳо дар тамоми муассисаҳои тиббӣ пурзӯр карда шавад. Бояд пешдастӣ кард, то ба шаҳрвандон дар сатҳи зарурӣ кумак расонда шавад", - гуфт сарвазир.
Вай таъкид намуд, масъалаи муҳим ваксинагирӣ мебошад, ки танҳо бо ҳамин роҳ метавон пеши роҳи коронавирусро гирифт.
Ин дар ҳолест, ки навъи нави коронавирус - омикрон дар 68 минтақаи Русия ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои Ситоди фаврии мубориза бо коронавирус дар Русия, давоми шабонарӯзи охир 12 ҳазору 837 нафар бемори COVID-19 бистарӣ шудаанд, ки дар муқоиса бо шабонарӯзи қаблӣ 115% зиёд мебошад. Таъкид шудааст, ки тайи шабонарӯзи охир 67 ҳазору 809 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт гардида, 681 нафар аз ин беморӣ ҷон додааст.
Мақомоти Русия мегӯянд, ҳамоно ваксинагирӣ муътамадтарин роҳи ҷилавгирӣ аз коронавирус мебошад. Михаил Мурашко, вазири тандурустии Русия ахиран гуфт, сатҳи ваксинагирӣ дар кишвар то ба 70 дарсад расидааст.