Зиёд шуд: омори охири гирифторӣ ва шифо аз коронавирус дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевВерующие на входе в Центральную мечеть Душанбе
Верующие на входе в  Центральную мечеть Душанбе   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Обуна шудан
Давоми чаҳор рӯзи эълони дубораи хурӯҷи дигарбораи коронавирус ба Тоҷикистон 116 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Вазорати тандурустӣ омори нави гирифторӣ ба коронавирус дар шабонарӯзи ахирро нашр намуд.
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 31 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Дар маҷмуъ аз аввали пандемия то кунун дар кишвар 17211 нафар гирифтори COVID-19 шуда ва аз ин шумора то санаи зикргардида 16971 нафар (98,9%) шифо ёфтаанд.
Ҳамчунин табибон дар даврони пандемия ҷони 124 бемори COVID-19-ро наҷот дода натавонистанд.
Ёдовар мешавем, пас аз наздик ба се моҳи хомӯшӣ рӯзи 21- уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дод.
Ин ниҳоди ахиран дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар бораи мавҷудияти навъи нави коронавируси омикрон чизе дақиқ дар даст надранд, чун ҳоло дар кишвар тестҳои санҷишӣ ва дастгоҳҳо барои дақиқсозии штамми нав ворид нашудааст.
Работа временного госпиталя для больных коронавирусом в Ленэкспо  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Вазорат гуфт, коронавирус ба Тоҷикистон аз куҷо омад. Оё омикрон буд?
Ин ниҳод гуфт, беморӣ ба кишвар аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид шуд.
Таъкид мешавад, ки аз сабаби он ки сатҳи моякӯбӣ дар кишвар худ ҷараён дорад, беморон дардро осон пушти сар мекунанд ҳоло ниёз ба бистарисозии онҳо дар беморхонаҳо нашудааст.
Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад.
Тибқи тавсияҳои Ситоди фаврии мубориза бар зидди COVID-19, талабот барои вуруд ба кишвар сахттар шудааст.
Ҳамаи шаҳрвандони ба ҷумҳурӣ воридшуда барои пешгирии паҳншавии коронавирус аз ташхиси иловагӣ мегузаранд.
Суръати эмгузаронии ахолӣ низ зиёд карда шуд. Ҳамзамон, табибони ҷумҳурӣ вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирусро мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0