https://sputnik.tj/20220125/metro-shahr-barq-uzbekiston-1045113714.html
Ҳаракати метро қатъ шуд, шаҳрҳо бе барқ: дар Ӯзбекистон чӣ мегузарад
Ҳаракати метро қатъ шуд, шаҳрҳо бе барқ: дар Ӯзбекистон чӣ мегузарад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тошканд ва дигар шаҳрҳои Ӯзбекистон нерӯи барқ қатъ шуд, кори метрои пойтахт мутаваққиф гардид
2022-01-25T11:57+0500
2022-01-25T11:57+0500
2022-01-25T17:39+0500
энергетика
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/07/1032407169_793:305:3296:1713_1920x0_80_0_0_8a32834ffa05fdc3ff2d73c19f55a222.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар Тошканд бар асари қатъи барқ ҳаракати метро мутаваққиф шуд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон. Ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо аз ҷониби кормандони БДА ба танзим дароварда мешавад, то тамбашавӣ сурат нагирад.Илова бар ин якбора дар чанд шаҳри Ӯзбекистон қатъи якбораи нерӯи барқ рух дод. Вазорати энергетикаи кишвар гуфтааст, ҳоло мутахассисон барои рафъи ин мушкил талош доранд. Аммо дар баробари ин дар бораи сабабҳои дақиқи ин ҳолат чизе гуфта нашудааст. Бино ба гузоришҳо, бисёре аз сокинон аз қатъи оби гарм шикоят доранд. Ҳамин тавр дар Чирчик интиқоли об низ ба муддати номуайян қатъ шудааст. Қобили зикр аст, ки дар бораи қатъи нерӯи барқ дар дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дар Алмаато, Бишкек ва дигар манотиқи мухталифи Қирғизистону Қазоқистон гузориш шудааст.
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/07/1032407169_1128:299:3014:1713_1920x0_80_0_0_9e61e5a7e5eb0fa28e4f3d8c71451629.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳаракат метро барқ ӯзбекистон
ҳаракат метро барқ ӯзбекистон
Ҳаракати метро қатъ шуд, шаҳрҳо бе барқ: дар Ӯзбекистон чӣ мегузарад
11:57 25.01.2022 (Навсозишуда: 17:39 25.01.2022) Дар Тошканд ва дигар шаҳрҳои Ӯзбекистон нерӯи барқ қатъ шуд, кори метрои пойтахт мутаваққиф гардид
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар Тошканд бар асари қатъи барқ ҳаракати метро мутаваққиф шуд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.
Ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо аз ҷониби кормандони БДА ба танзим дароварда мешавад, то тамбашавӣ сурат нагирад.
Илова бар ин якбора дар чанд шаҳри Ӯзбекистон қатъи якбораи нерӯи барқ рух дод.
"Дар Тошканд (дар тамоми вилоят), Гулистон, Қаршӣ, Бухоро, Самарқанд, Қӯқанд, Чирчик интиқоли нерӯи барқ қатъ шудааст", - гуфт манбаъ.
Вазорати энергетикаи кишвар гуфтааст, ҳоло мутахассисон барои рафъи ин мушкил талош доранд. Аммо дар баробари ин дар бораи сабабҳои дақиқи ин ҳолат чизе гуфта нашудааст.
Бино ба гузоришҳо, бисёре аз сокинон аз қатъи оби гарм шикоят доранд. Ҳамин тавр дар Чирчик интиқоли об низ ба муддати номуайян қатъ шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар бораи қатъи нерӯи барқ дар дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дар Алмаато, Бишкек ва дигар манотиқи мухталифи Қирғизистону Қазоқистон гузориш шудааст.