https://sputnik.tj/20220125/kadom-odamon-omikron-mayl-1045120927.html
Сироятшинос гуфт, кадом гурӯҳи одамон гирифтори омикрон мешаванд
Сироятшинос гуфт, кадом гурӯҳи одамон гирифтори омикрон мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Коршиноси Роспотребнадзор Горелов мегӯяд, одамоне, ки то кунун бо ягон навъи коронавирус гирифтор нашудаанд, зудтар ба штамми омикрон сироят мешаванд
2022-01-25T13:41+0500
2022-01-25T13:41+0500
2022-01-25T14:11+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
коронавирус
омикрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044987777_0:365:2991:2047_1920x0_80_0_0_b2eb59914ffb905739ebe86aaf0b4b70.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Ҳар шахсе, ки қаблан бо COVID-19 дучор нашудааст ба сирояти штамм омикронии коронавирус зудтар гирифтор мешавад, гуфт муовини мудири Пажӯҳишгоҳи марказии эпидемиологияи Роспотребнадзор, раиси Ҷамъияти миллии илмии бемориҳои сироятӣ, узви вобастаи Русия, Александр Горелов.Горелов қайд кард, ки маълумоти нашршуда таассуротеро ба вуҷуд меорад, ки гирифторони бемории сирояти ин штамми мушаххасро нисбат ба навъҳои қаблан маълумшудаи SARS-CoV-2 осонтар таҳаммул мекунанд. Бо вуҷуди ин, миқёси паҳншавии сироят аз эҳтимол дур нест, ки шумораи бистарӣ дар беморхонаҳо коҳиш ёбад.Қаблан мутахассиси бемориҳои сироятӣ ҳушдор дода буд, ки ҳангоми пайдо шудани мутатсияи нави коронавирус ҳиссаи кӯдакон дар байни гирифторони COVID-19 аз 10-11 то 15 фоиз афзоиш ёфтааст. Штамми омикрон ё B.1.1.529 дар моҳи ноябри соли гузашта дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ кашф шудааст. Ба гуфти коршиносон, ҳатто афроде, ки бемор шудаанду ваксина гирифтаанд, метавонанд ба он гирифтор шаванд. Штамми нав аллакай дар 110 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия муайян шудааст. Он назар ба штаммҳои қаблии делта тезтар паҳн мешавад.
https://sputnik.tj/20220124/mufti-masjid-rusiya-omikron-1045105963.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044987777_117:0:2846:2047_1920x0_80_0_0_0bd8acb444b5d54a1771fd76091cf77b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
киҳо, гирифтор, омикрон,
Сироятшинос гуфт, кадом гурӯҳи одамон гирифтори омикрон мешаванд
13:41 25.01.2022 (Навсозишуда: 14:11 25.01.2022) Коршиноси Роспотребнадзор Горелов мегӯяд, одамоне, ки то кунун бо ягон навъи коронавирус гирифтор нашудаанд, зудтар ба штамми омикрон сироят мешаванд
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Ҳар шахсе, ки қаблан бо COVID-19 дучор нашудааст ба сирояти штамм омикронии коронавирус зудтар гирифтор мешавад, гуфт муовини мудири Пажӯҳишгоҳи марказии эпидемиологияи Роспотребнадзор, раиси Ҷамъияти миллии илмии бемориҳои сироятӣ, узви вобастаи Русия, Александр Горелов.
"Дарвоқеъ, ҳар касе, ки бо сирояти коронавирус дучор нашудааст, ба бемории омикрон майл дорад", -гуфт ӯ.
Горелов қайд кард, ки маълумоти нашршуда таассуротеро ба вуҷуд меорад, ки гирифторони бемории сирояти ин штамми мушаххасро нисбат ба навъҳои қаблан маълумшудаи SARS-CoV-2 осонтар таҳаммул мекунанд.
Бо вуҷуди ин, миқёси паҳншавии сироят аз эҳтимол дур нест, ки шумораи бистарӣ дар беморхонаҳо коҳиш ёбад.
Қаблан мутахассиси бемориҳои сироятӣ ҳушдор дода буд, ки ҳангоми пайдо шудани мутатсияи нави коронавирус ҳиссаи кӯдакон дар байни гирифторони COVID-19 аз 10-11 то 15 фоиз афзоиш ёфтааст.
Штамми омикрон ё B.1.1.529 дар моҳи ноябри соли гузашта дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ кашф шудааст.
Ба гуфти коршиносон, ҳатто афроде, ки бемор шудаанду ваксина гирифтаанд, метавонанд ба он гирифтор шаванд.
Штамми нав аллакай дар 110 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия муайян шудааст. Он назар ба штаммҳои қаблии делта тезтар паҳн мешавад.