https://sputnik.tj/20220125/bayden-tavarrum-rekord-ima-1045131124.html
Байден таварруми рекордӣ дар ИМА-ро "дороии бузург" номид
Байден таварруми рекордӣ дар ИМА-ро "дороии бузург" номид
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Амрико Ҷо Байден пеш аз дашном додани хабарнигори Foz News аз сатҳи баланди таваррум изҳори хушнудӣ кард
2022-01-25T17:40+0500
2022-01-25T17:40+0500
2022-01-25T19:37+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
амрико
ҷо байден
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045117156_0:50:3257:1882_1920x0_80_0_0_4bee2cee9b278381d0696594bd7d86cc.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Ҷо Байден таваррумро, ки дар ИМА ба ҳафт дарсади рекордӣ расид, дороии бузург мешуморад, менависад "The Wall Street Journal". Рӯзноманигори "Fox News", Питер Дусӣ дар брифинги пеш аз ҷаласаи Шӯрои рақобат аз раҳбари Амрико пурсид, ки "оё болоравии нархҳоро "бори сиёсӣ" дар пешорӯи интихоботи миёндавраӣ медонад ё на?"."Ин дороии бузург аст! Бештар таваррум!". Байден ҷавоб дод ва баъд аз он корманди расонаро "писари аблаҳ" номид.Таваррум дар ИМА дар давоми 40 соли охир ба ҳадди рекордӣ расид: дар моҳи июни соли 1982 он 7,2 фоиз буд. Дар мамлакат нархи молу мулк, нақлиёти шахсӣ ва хӯрокворӣ баланд шуд. Дар пасманзари эҳёи иқтисод пас аз пандемияи коронавирус, воридоти маблағҳо аз ҷониби Конгресс, ниҳоди марбути захираи федералӣ ва халалдоршавӣ дар занҷири таъминоти истеҳсолӣ суръат гирифт.Байден рӯзноманигори амрикоиро ҳақорат кард - видеоСарвари оҷонсӣ Ҷером Пауэлл моҳи ноябр иқрор шуд, вақти он расидааст, ки таваррумро муваққатӣ номанд. Бонки марказии Амрико дар моҳи март ба як давраи афзоиши мунтазами фоизҳо шуруъ мекунад. Вазифаи ниҳоди марбут ба захираи федералӣ аз баланд бардоштани фоизҳо иборат хоҳад буд, аммо бояд нагузорад, ки таназзул ва бекорӣ афзоиш ёбад. Ба навиштаи расонаҳо, худи Байден бо паёмадҳои сиёсии таваррум аз ҷониби интихобкунандагоне рӯ ба рӯ хоҳад шуд, ки ӯ ва Ҳизби демократиро дар болоравии нархҳо муттаҳам мекунанд. Интихоботи миёндавраии ИМА моҳи ноябр баргузор мешавад.
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045117156_76:0:2807:2048_1920x0_80_0_0_116d83f5e70aca190eb8365a9524ef61.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амрико ҷо байден
Байден таварруми рекордӣ дар ИМА-ро "дороии бузург" номид
17:40 25.01.2022 (Навсозишуда: 19:37 25.01.2022) Президенти Амрико пеш аз дашном додани хабарнигори "Foх News" аз сатҳи баланди таваррум изҳори хушнудӣ кард
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Ҷо Байден таваррумро, ки дар ИМА ба ҳафт дарсади рекордӣ расид, дороии бузург мешуморад, менависад "The Wall Street Journal".
Рӯзноманигори "Fox News", Питер Дусӣ дар брифинги пеш аз ҷаласаи Шӯрои рақобат аз раҳбари Амрико пурсид, ки "оё болоравии нархҳоро "бори сиёсӣ" дар пешорӯи интихоботи миёндавраӣ медонад ё на?".
"Ин дороии бузург аст! Бештар таваррум!". Байден ҷавоб дод ва баъд аз он корманди расонаро "писари аблаҳ" номид.
Таваррум дар ИМА дар давоми 40 соли охир ба ҳадди рекордӣ расид: дар моҳи июни соли 1982 он 7,2 фоиз буд.
Дар мамлакат нархи молу мулк, нақлиёти шахсӣ ва хӯрокворӣ баланд шуд. Дар пасманзари эҳёи иқтисод пас аз пандемияи коронавирус, воридоти маблағҳо аз ҷониби Конгресс, ниҳоди марбути захираи федералӣ ва халалдоршавӣ дар занҷири таъминоти истеҳсолӣ суръат гирифт.
Сарвари оҷонсӣ Ҷером Пауэлл моҳи ноябр иқрор шуд, вақти он расидааст, ки таваррумро муваққатӣ номанд.
Бонки марказии Амрико дар моҳи март ба як давраи афзоиши мунтазами фоизҳо шуруъ мекунад. Вазифаи ниҳоди марбут ба захираи федералӣ аз баланд бардоштани фоизҳо иборат хоҳад буд, аммо бояд нагузорад, ки таназзул ва бекорӣ афзоиш ёбад.
Ба навиштаи расонаҳо, худи Байден бо паёмадҳои сиёсии таваррум аз ҷониби интихобкунандагоне рӯ ба рӯ хоҳад шуд, ки ӯ ва Ҳизби демократиро дар болоравии нархҳо муттаҳам мекунанд. Интихоботи миёндавраии ИМА моҳи ноябр баргузор мешавад.