Байден рӯзноманигори амрикоиро ҳақорат кард - видео

© AFP / ALEX WONGПрезидент США Джо Байден
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Амрико ҳангоми посух додан ба суолҳо дар як нишаст дар Кохи Сафед рӯзноманигори "Fox News"-ро дашном дод
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Ба гузориши шабакаи телевизионии CNN, ин нишаст бо ҳузури хабарнигорон сурат гирифт ва пас аз суханронии ифтитоҳии раисҷумҳуру намояндагони ҳукумати аз намояндагони ВАО дархост шуд, ки толорро тарк кунанд. Аммо хабарнигорон бар ивази тарк кардани толор ба додани суол шуруъ карданд.
Байден нахуст онҳоро дар инъикоси нодурусти масъалаҳо муттаҳам кард.
"Бо як сабаб ман ин корро дӯст намедорам: шумо ҳеҷ гоҳ моҳияти мулоқотро инъикос намекунед", - гуфт президенти ИМА.
Сипас дар ғавғои умумӣ хабарнигор Дусӣ чанд изҳорот дод, Байден борҳо ӯро бо тамасхур "яке аз маҳбубтарин рӯзноманигорон" барои эродҳои интиқодӣ дар бораи сиёсаташ номид.
Бино ба гузоришҳо Дусӣ аз Байден пурсид, "оё вай ба саволе дар бораи таваррум, ки ба гуфтаи ӯ, дар пешорӯи интихоботи миёндавраи конгресс "бори сиёсӣ" мешавад, посух хоҳад дод?".
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Байден боз фаромӯш кард, ки президенти Амрико кист
Барои чунини суол Байден зери лаб хабарнигорро "фарзанди аблаҳ" номид.
Дусӣ изҳор дошт, ӯ дашноми Байденро пай набурд, вале ҳамкоронаш гуфтанд, ки президент ӯро ҳақрат кард.
Ба нақли Дусӣ, пас аз анҷоми муҳокима Ҷо Байден ба рӯзноманигор занг зад ва расман узр пурсид.
Лентаи хабарҳо
0