https://sputnik.tj/20220125/barf-shadid-istambul-parvozh-laghv-1045112190.html
Барфрезии шадид дар Истанбул дари макотибу фурудгоҳҳоро баст
Барфрезии шадид дар Истанбул дари макотибу фурудгоҳҳоро баст
Sputnik Тоҷикистон
Феълан фурудгоҳи Истанбул бинобар номусоид будани ҳаво муваққатан фаъолияташро масдуд кард
2022-01-25T11:00+0500
2022-01-25T11:00+0500
2022-01-25T13:27+0500
дар ҷаҳон
туркия
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045112115_0:157:3081:1890_1920x0_80_0_0_cb4b0591e989590d5e93539afe02eef7.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Дар Туркия боришоти шадиди барф сурат гирифт ва фаъолияти фурудгоҳи Истанбулро ба мушкил мувоҷеҳ кард.Гуфта мешавад, дар ҷануби Туркия барфи рӯи замин ба як метр баландӣ расидааст.Дар робита ба номусоид будани ҳаво фурудгоҳи Истанбул муваққатан корашро масдуд кард ва феълан ягон парвоз дар ҷадвали парвозҳо вуҷуд надорад. Зимнан дафтари ҳавопаймоии "Turkish Airlines" то ҳол дар бораи ин вазъ изҳори назар накардааст.Вазъ ба ҳадде печида аст, ки аз минтақаҳои барфпӯш сокинонро бо чархболҳо берун мекунанд.Дар ҳамин ҳол дари макотиб низ баста шудааст. Тибқи иттилои хадамоти обуҳавошиносии маҳаллӣ, бориши барф метавонад шиддат гирад ва чанд рӯзи дигар идома кунад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045112115_174:0:2905:2048_1920x0_80_0_0_896b10cc0d12391def562ed19f8c5ca3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
истанбул барф мактаб фурудгоҳ
истанбул барф мактаб фурудгоҳ
Барфрезии шадид дар Истанбул дари макотибу фурудгоҳҳоро баст
11:00 25.01.2022 (Навсозишуда: 13:27 25.01.2022) Феълан фурудгоҳи Истанбул бинобар номусоид будани ҳаво муваққатан фаъолияташро масдуд кард
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Дар Туркия боришоти шадиди барф сурат гирифт ва фаъолияти фурудгоҳи Истанбулро ба мушкил мувоҷеҳ кард.
Гуфта мешавад, дар ҷануби Туркия барфи рӯи замин ба як метр баландӣ расидааст.
Дар робита ба номусоид будани ҳаво фурудгоҳи Истанбул муваққатан корашро масдуд кард ва феълан ягон парвоз дар ҷадвали парвозҳо вуҷуд надорад. Зимнан дафтари ҳавопаймоии "Turkish Airlines" то ҳол дар бораи ин вазъ изҳори назар накардааст.
Вазъ ба ҳадде печида аст, ки аз минтақаҳои барфпӯш сокинонро бо чархболҳо берун мекунанд.
Дар ҳамин ҳол дари макотиб низ баста шудааст. Тибқи иттилои хадамоти обуҳавошиносии маҳаллӣ, бориши барф метавонад шиддат гирад ва чанд рӯзи дигар идома кунад.