https://sputnik.tj/20220124/voridoti-boji-gumruki-bujai-tojikiston-somoni-beshtar-1045105823.html
Воридоти боҷи гумрукӣ ба буҷаи Тоҷикистон беш аз 800 миллион сомонӣ бештар шуд
Воридоти боҷи гумрукӣ ба буҷаи Тоҷикистон беш аз 800 миллион сомонӣ бештар шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти гумруки Тоҷикистон хабар доданд, ки дар соли 2021 нисбат ба соли гузашта ба Буҷети давлатӣ аз ҳисоби боҷи гумрукӣ 843,3 миллион сомонӣ бештар маблағ ворид шудааст
2022-01-24T20:45+0500
2022-01-24T20:45+0500
2022-02-18T20:31+0500
дар тоҷикистон
воридот
буҷа
боҷи гумрукӣ
гумрук
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116316_83:69:1400:810_1920x0_80_0_0_9c6ca3f288eda8e6c96be77ed1c147e9.jpg
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2021 хабар дод.Ба иттилои сомонаи расмии Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар соли гузашта ба ҷойи 5 миллиарду 965,8 миллион сомонӣ ба буҷаи давлатӣ 6 миллиарду 809,1 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд.Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 981,1 миллион сомонӣ ё 116,8 фоиз ва нисбат ба нақшаи аниқшуда 843,3 миллион сомонӣ ё 114,1 фоиз зиёд мебошад.Манбаъ ҳамчунон қайд кардааст, ки воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба буҷа дар соли 2021 дар қиёс ба соли 2020 ба андозаи 1 миллиарду 339,7 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад.Қайд карда шудааст, ки дар иртибот ба зиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба буҷаи давлатӣ дар соли 2021 зимни маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон 20 январ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон Хуршед Каримзода изҳори сипос кардааст.
https://sputnik.tj/20211203/podguzov-enerzhi-ob-manbai-aslii-rushdi-iqtisod-1043932328.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116316_156:0:1400:933_1920x0_80_0_0_b8792589b7ad049114092b51de96ae3c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, воридот, сомонӣ, боҷи гумрукӣ, буҷа, гумрук
тоҷикистон, воридот, сомонӣ, боҷи гумрукӣ, буҷа, гумрук
Воридоти боҷи гумрукӣ ба буҷаи Тоҷикистон беш аз 800 миллион сомонӣ бештар шуд
20:45 24.01.2022 (Навсозишуда: 20:31 18.02.2022) Мақомоти гумруки Тоҷикистон хабар доданд, ки дар соли 2021 нисбат ба соли гузашта ба буҷаи давлатӣ аз ҳисоби боҷи гумрукӣ 843,3 миллион сомонӣ бештар маблағ ворид шудааст
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2021 хабар дод.
Ба иттилои сомонаи расмии Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар соли гузашта ба ҷойи 5 миллиарду 965,8 миллион сомонӣ ба буҷаи давлатӣ 6 миллиарду 809,1 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 981,1 миллион сомонӣ ё 116,8 фоиз ва нисбат ба нақшаи аниқшуда 843,3 миллион сомонӣ ё 114,1 фоиз зиёд мебошад.
Манбаъ ҳамчунон қайд кардааст, ки воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба буҷа дар соли 2021 дар қиёс ба соли 2020 ба андозаи 1 миллиарду 339,7 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад.
Қайд карда шудааст, ки дар иртибот ба зиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба буҷаи давлатӣ дар соли 2021 зимни маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон 20 январ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон Хуршед Каримзода изҳори сипос кардааст.