https://sputnik.tj/20220124/terminal-duzdi-qaror-bozdosht-muttaham-1045080948.html
Боз терминал ҳадафи дуздӣ қарор гирифт: боздошти муттаҳами 20-сола
Боз терминал ҳадафи дуздӣ қарор гирифт: боздошти муттаҳами 20-сола
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти муттаҳами 20-сола барои қасди дуздии терминали пардохтӣ хабар додаст
2022-01-24T11:30+0500
2022-01-24T11:30+0500
2022-01-24T11:30+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дуздӣ
гумонбар
муттаҳам
пардохт
ҷавон
леваканд
терминал
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102423/37/1024233723_0:158:1973:1268_1920x0_80_0_0_c7996864440584d184241edaa81eb116.jpg
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Гумонбар бо қасди дуздии пул аз терминал онро шикастааст, аммо ба мақсадаш нарасидааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ба идораи милиса дар шаҳри Левакант ҷавони 23-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки шахсони номаълум бо мақсади ба даст овардани маблағҳои пардохтшуда, сенсори терминали пардохтиро шикаста, маблағи пулиро дуздида натавониста, фикрор кардаанд. Манбаъ зарари расонидашударо 8 ҳазору 438 сомонӣ арзёбӣ намуд. Ҳодисаи ҷиноят шаби 6 ба 7-уми январи соли равон сурат гирифтааст, аммо мақомоти умури дохилӣ баъди беш аз ду ҳафта аз боздошти гумонбар иттилоъ доданд. Таъкид шудаст, ки муттаҳам ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён мебошад. Феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад. Ин бори аввал нест, ки терминалҳои пардохтӣ дар Тоҷикистон ҳадафи дуздон қарор мегиранд. Ахиран мақомоти умури дохилӣ аз боздошти як сокини 37-солаи шаҳри Душанбе хабар доданд, ки дар ғорати терминали пулгузаронӣ ширкати "Пайванд гурӯҳ" дар нуқтаҳои гуногуни пойтахт айбдор мешавад. Мақомот зарари расонидашударо беш аз 240 ҳазор сомонӣ арзёбӣ намуданд.
https://sputnik.tj/20220106/duzdi-rohzani-avboshi-qallobi-guzorish-milisa-1044630868.html
леваканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102423/37/1024233723_117:0:1973:1392_1920x0_80_0_0_9ad363c4f3031204fb0199f546b83505.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт, ҷавон, қасд, дуздӣ, терминал, пардохтӣ
боздошт, ҷавон, қасд, дуздӣ, терминал, пардохтӣ
Боз терминал ҳадафи дуздӣ қарор гирифт: боздошти муттаҳами 20-сола
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти муттаҳами 20-сола барои қасди дуздии терминали пардохтӣ хабар додаст
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Гумонбар бо қасди дуздии пул аз терминал онро шикастааст, аммо ба мақсадаш нарасидааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ба идораи милиса дар шаҳри Левакант ҷавони 23-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки шахсони номаълум бо мақсади ба даст овардани маблағҳои пардохтшуда, сенсори терминали пардохтиро шикаста, маблағи пулиро дуздида натавониста, фикрор кардаанд. Манбаъ зарари расонидашударо 8 ҳазору 438 сомонӣ арзёбӣ намуд.
Ҳодисаи ҷиноят шаби 6 ба 7-уми январи соли равон сурат гирифтааст, аммо мақомоти умури дохилӣ баъди беш аз ду ҳафта аз боздошти гумонбар иттилоъ доданд.
Таъкид шудаст, ки муттаҳам ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён мебошад. Феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Ин бори аввал нест, ки терминалҳои пардохтӣ дар Тоҷикистон ҳадафи дуздон қарор мегиранд.
Ахиран мақомоти умури дохилӣ аз боздошти як сокини 37-солаи шаҳри Душанбе хабар доданд, ки дар ғорати терминали пулгузаронӣ ширкати "Пайванд гурӯҳ" дар нуқтаҳои гуногуни пойтахт айбдор мешавад.
Мақомот зарари расонидашударо беш аз 240 ҳазор сомонӣ арзёбӣ намуданд.