https://sputnik.tj/20220124/sjb-poyon-pandemiya-1045091216.html
СҶБ замони поён ёфтани пандемияро гуфт
СҶБ замони поён ёфтани пандемияро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт тахмин зад, ки пандемияи COVID - 19 дар соли 2022 хотима меёбад
2022-01-24T15:44+0500
2022-01-24T15:44+0500
2022-01-24T19:19+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044671525_0:317:3077:2048_1920x0_80_0_0_ba8812d47b1b45a808f0f6bce5b9a7f8.jpg
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Пандемияи COVID-19 метавонад дар соли 2022 хотима ёбад, гуфт роҳбари генералии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Тедрос Адханом Гебрейесус рӯзи душанбе дар ифтитоҳи иҷлосияи 150-уми Шӯрои иҷроияи ин созмон.Вай гуфт, барои хотима ёфтани COVID-19 ҳамчун пандемия бояд 70 дарсади аҳолии ҳар як кишвар моякӯбӣ ва ҳамзамон нафароне, ки зери хавф қарор доранд, бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шаванд.Инчунин зарур аст, ки фавт аз вирус тавассути ҷорӣ намудани табобати самараноки клиникӣ, аз ҷумла дастрасии баробар ба ташхис, оксиген ва антивирусҳо дар нуқтаи нигоҳубин кам карда шавад. Муҳим аст, ки вирус ва ҳамчунин пайдоиши навъҳои нави коронавирус мавриди назорат қарор гиранд.Раҳбари СҶБ таъкид кард, ки аз пандемия дарс гирифтан ва барои пешгирии чунин ҳолатҳои изтирорӣ дар ҳоли ҳозир роҳҳои ҳалли навро таҳия кардан лозим аст.Ҳоло дар ҷаҳон штамми нави коронавирус - омикрон доман мезанад Ин навъ бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана пайдо шуд. Он аз дигар навъҳо бо афзоиши шумораи мутатсияҳо ва паҳншавии босуръат фарқ мекунад.
https://sputnik.tj/20220124/koronavirus-tojikiston-omikron-1045085770.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044671525_190:0:2921:2048_1920x0_80_0_0_798d0b60e985a1a549cf48e929f30fb4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сҷб пандемия коронавирус
СҶБ замони поён ёфтани пандемияро гуфт
15:44 24.01.2022 (Навсозишуда: 19:19 24.01.2022) Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт тахмин зад, ки пандемияи COVID-19 дар соли 2022 хотима меёбад
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Пандемияи COVID-19 метавонад дар соли 2022 хотима ёбад, гуфт роҳбари генералии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Тедрос Адханом Гебрейесус рӯзи душанбе дар ифтитоҳи иҷлосияи 150-уми Шӯрои иҷроияи ин созмон.
"Агар кишварҳо аз ҳамаи ин стратегияҳо ва абзорҳо пурра истифода баранд, мо метавонем дар соли ҷорӣ ба марҳилаи шадиди пандемия хотима диҳем. Мо метавонем COVID-19-ро ҳамчун ҳолати фавқулоддаи ҷаҳонии тандурустӣ хотима диҳем", - тавзеҳ додааст ӯ.
Вай гуфт, барои хотима ёфтани COVID-19 ҳамчун пандемия бояд 70 дарсади аҳолии ҳар як кишвар моякӯбӣ ва ҳамзамон нафароне, ки зери хавф қарор доранд, бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шаванд.
Инчунин зарур аст, ки фавт аз вирус тавассути ҷорӣ намудани табобати самараноки клиникӣ, аз ҷумла дастрасии баробар ба ташхис, оксиген ва антивирусҳо дар нуқтаи нигоҳубин кам карда шавад.
Муҳим аст, ки вирус ва ҳамчунин пайдоиши навъҳои нави коронавирус мавриди назорат қарор гиранд.
Раҳбари СҶБ таъкид кард, ки аз пандемия дарс гирифтан ва барои пешгирии чунин ҳолатҳои изтирорӣ дар ҳоли ҳозир роҳҳои ҳалли навро таҳия кардан лозим аст.
Ҳоло дар ҷаҳон штамми нави коронавирус - омикрон доман мезанад Ин навъ бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана пайдо шуд. Он аз дигар навъҳо бо афзоиши шумораи мутатсияҳо ва паҳншавии босуръат фарқ мекунад.