Расонаҳо: Сафари ду мақоми баландпояи толибҳо ба Русия

© AP / Hussein SayedМулла Абдул Гани Барадар, главный политический лидер Талибов
Мулла Абдул Гани Барадар, главный политический лидер Талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Обуна шудан
Раиси пешини Идораи амнияти миллии Афғонистон иддао дорад, ки ду мақомоми баландпояи давлати толибон ба Русия сафари маҳрамона карданд
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини нахусти вазири давлати толибот ва Мулло Муҳаммад Яъқуб, аъзои аршади ин гурӯҳ ба Русия маҳрамона сафар кардаанд. Дар ин бора расонаҳои Афғонистону Эрон хабар доданд.
Раҳбари собиқи идораи амнияти миллии Афғонистон иддао кардааст, ки Мулло Муҳаммад Яъқуб ва Мулло Абдулғанӣ Бародар, аъзои аршади ин гурӯҳ ҳамзамон дар баробари сафари вазири хориҷаи толибон ба Норвегия ба Русия як сафари маҳрамона анҷом додаанд.
Ба гузориши расонаҳо, Раҳматуллоҳ Набил, раиси пешини Идораи амнияти миллии Афғонистон дар саҳифаи твиттериаш навиштаст, ки муовини раиси ҳукумати муваққати толибон низ ба Русия як сафари эълоннашуда анҷом додааст.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Русия хабарҳо дар бораи ворид шудани ҳайатҳои толибон ва ҷабҳа ба Маскавро рад кард
Толибон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд. Аммо ҷониби Русия дар симои Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон ин хабарро такзиб кард.
Дар ҳамин ҳол Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷии толибон дар раъси як ҳайат ба Осло, пойтахти Норвегия сафар ва бо намояндагони кишварҳои ғарбӣ барои кумак ба Афғонистон ва озод кардани дороиҳои ин кишвар аз бонкҳои Амрико мулоқоту гуфтугӯ намудааст.
Лентаи хабарҳо
0