https://sputnik.tj/20220124/jonibdori-maskav-muzokirot-bayniafghoni-oslo-1045081910.html
Ҷонибдории Маскав аз музокироти байниафғонӣ дар Осло ва шубҳааш дар натиҷа
Ҷонибдории Маскав аз музокироти байниафғонӣ дар Осло ва шубҳааш дар натиҷа
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷии Русия ҷонибдорияшро аз музокироти байниафғонӣ, ки дар шаҳри Осло сурат мегирад, баён дошт 24.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-24T12:10+0500
2022-01-24T12:10+0500
2022-01-24T12:10+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
афғонистон
норвегия
замир кобулов
гуфтушунид
музокирот
вазорати умури хориҷии русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040880731_0:88:3064:1812_1920x0_80_0_0_b5007e0b867f98a25812182e676a2b29.jpg
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, бо истиқбол аз гуфтушунидҳо дар Осло илова намуд, ки дар натиҷаҳои он шубҳа дорад. Маврид ба зикр аст, ки ахиран Вазорати умури хориҷии Норвегия хабар дод, ки ҳайати толибҳо рӯзҳои 23 - 25 январ барои мулоқот бо мақомоти ин кишвар, намояндагони ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон дар Осло қарор хоҳанд дошт. Ҳайати толибҳоро дар ин сафар иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии Афғонистон, Амирхон Мутаққӣ роҳбарӣ мекунад. Томас Уэст, намояндаи махсуси ИМА дар умури Афғонистон низ изҳор дошт, ки бо ҳайати намояндагони дигари амрикоӣ, аз ҷумла аз вазорати молия ва Ожонси рушди байналмилалии ИМА озими Осло шудаст. Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи август ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ хабар доданд. Эълон карданд, ки давлатро бар асоси қонунҳои шариат идора хоҳанд кард. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва фаъолони Афғонистон аз ҳукуматдорони ҷадид дар ин кишвар ташкили ҳукумати ҳамашумул ва риояи ҳуқуқҳои бунёдии инсониро талаб доранд.
https://sputnik.tj/20220123/rahpaymoi-mardon-kobul-himoyat-az-hijobi-islomi---video-1045072995.html
афғонистон
норвегия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040880731_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_dad0cd6f2059fbb1a53e14452f691d7c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, сиёсат , афғонистон, норвегия, замир кобулов, гуфтушунид, музокирот, вазорати умури хориҷии русия
дар ҷаҳон, сиёсат , афғонистон, норвегия, замир кобулов, гуфтушунид, музокирот, вазорати умури хориҷии русия
Ҷонибдории Маскав аз музокироти байниафғонӣ дар Осло ва шубҳааш дар натиҷа
Вазорати умури хориҷии Русия ҷонибдорияшро аз музокироти байниафғонӣ, ки дар шаҳри Осло сурат мегирад, баён дошт
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, бо истиқбол аз гуфтушунидҳо дар Осло илова намуд, ки дар натиҷаҳои он шубҳа дорад.
"Дар мавриди Осло, мо ҳамеша тарафдори музокироти байниафғонӣ будем, аммо самаранокии ин гуфтушунидҳои норвегӣ шубҳаовар аст", - гуфтаст Кобулов ба РИА Новости.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Вазорати умури хориҷии Норвегия хабар дод, ки ҳайати толибҳо рӯзҳои 23 - 25 январ барои мулоқот бо мақомоти ин кишвар, намояндагони ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон дар Осло қарор хоҳанд дошт. Ҳайати толибҳоро дар ин сафар иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷии Афғонистон, Амирхон Мутаққӣ роҳбарӣ мекунад.
Томас Уэст, намояндаи махсуси ИМА дар умури Афғонистон низ изҳор дошт, ки бо ҳайати намояндагони дигари амрикоӣ, аз ҷумла аз вазорати молия ва Ожонси рушди байналмилалии ИМА озими Осло шудаст.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи август ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ хабар доданд. Эълон карданд, ки давлатро бар асоси қонунҳои шариат идора хоҳанд кард. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва фаъолони Афғонистон аз ҳукуматдорони ҷадид дар ин кишвар ташкили ҳукумати ҳамашумул ва риояи ҳуқуқҳои бунёдии инсониро талаб доранд.