Ҳавзаи низомии марказии Русия 1300 адад техникаи ҳарбии нав мегирад

© Sputnik / Russian Defence Ministry / Гузариш ба медиабонкВоенная техника российской части миротворческих сил ОДКБ на аэродроме в Алма-Ате
Военная техника российской части миротворческих сил ОДКБ на аэродроме в Алма-Ате - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Обуна шудан
Ҳавзаи низомии марказии Русия, ки пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистонро ҳам шомили он мешавад, ҳудуди 1300 адад силоҳу техникаи ҷадид мегирад
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Таъмини беш аз 1300 силоҳу техникаи нав давоми соли 2022 дар назар аст, изҳор дошт фармондеҳи Ҳавзаи низомии марказии Русия, генерал-полковник Александр Лапин.
Ба иттилои фармондеҳ, барои таҳкими тавоноии нерӯҳои ҳавоии ҳавза 17 адад ҳавопаймою чархболи низомӣ дастрас хоҳад шуд. Ӯ ҳамчунин аз таъмини таҷҳизоти муосир барои полкҳои радиотехникӣ дар Поволже ва Сибир хабар дод. Лапин гуфт, ба ин воҳидҳо истгоҳҳои радиолокатсионии "Каста 2-2", "Подлет-М", "Оборона" ирсол мешавад.
Ин дар ҳолест, ахиран иттилоъ дода шуд, соли равон беш аз 900 размоиши нерӯҳо дар Ҳавзаи марказии низомии Русия, ки аз калонтарин ҳавзаҳои ин кишвар мебошад, ба нақша гирифта шудааст, ки дар қиёс бо соли гузашта 10 дарсад бештар мебошад.
Машқҳои низомӣ дар размоишгоҳҳо дар Урал, Сибир, Поволже ва пойгоҳҳои низомӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон гузаронда мешаванд.
Учения стран ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Русия размоишҳо дар Осиёи Марказиро зиёд мекунад
Ба гуфтаи фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомӣ, генерал-полковник Александр Лапин, таваҷҷуҳи асосӣ ба ҷобаҷогузории фаврии нерӯ ва ҳидояти онҳо ба самтҳои дигари стратегӣ зоҳир хоҳад шуд.
Фармондеҳии Ҳавзаи марказӣ афзуд, ки инчунин амалиёт барои қатъи даргириҳои мусаллаҳона ва "ба эътидол овардани вазъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ" тамрин хоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, Ҳавзаи низомии марказӣ, ки калонтарин дар Русия мебошад, дар қаламрави се ҳавзаи федералӣ ва 29 субъекти ин кишвар ва берун аз он ҷой гирифтааст. Инчунин воҳидҳои низомӣ дар Қазоқистон, ки ситоди куллаш дар Екатеринбург мебошад, ба ин ҳавза дохил мешаванд.
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ва пойгоҳи дигари ин кишвар дар Қирғизистон низ ба Ҳавзаи марказии низомӣ дохиланд. Пойгоҳи низомии 201-и Русия калонтарин воҳиди низомии ин кишвар дар берун аз қаламрави он мебошад, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷой гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0