Тарошидану кӯтоҳ кардани риш дар вилояти Бағлони Афғонистон манъ шуд

© AFP 2023 / Bulent KilicУличные барберы с клиентами в Кабуле
Уличные барберы с клиентами в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2022
Обуна шудан
Мардуми маҳаллии шаҳри Пулихумрӣ, маркази вилояти Бағлон гуфтаанд, мақомҳои маҳаллии толибон қайчи задану тарошидану ришро дар ин вилоят манъ карданд
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Раёсати амр ба маъруфи толибон аз тамоми сартарошхонаҳои шаҳри Пули Хумрӣ хостааст, ки аз ин пас риши ҳеҷ шахсеро кӯтоҳ накунанд ва натарошанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии "Садои Хуросон".
Як сартарош дар шаҳри Пулихумрӣ бидуни зикри ном гуфтааст: " Дар як ҳафта дуюмин бор аст, ки тамом сартарошҳои шаҳри Пулихумрӣ ба Раёсати амр ба маъруф даъват ва онҳо ҳушдор дода мешаванд, ки риши мардонро кӯтоҳ накунанду натарошанд" .
Гуфта мешавад, ин иқдоми Раёсати амр ба маъруфи толибон вокуниши сокинони шаҳри Пулихумриро ба дунбол доштааст.
Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин низ мақомҳои Раёсати амр ба маъруф дар бархе дигар аз вилоятҳои Афғонистони маҳдудиятҳоеро барои мардону занон ҷорӣ карда буданд.
Барбершоп, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Тарошидани риш дар бархе аз манотиқи Афғонистон ҳаром эълом шуд
Барои мисол, чанде пеш мақомҳои маҳаллии толибон дар вилояти Урузгон аз кормандони давлатӣ хоста буданд, ки дар зоҳирашон тағйирот дароранду лунгӣ (салла) бизананд ва риш бигзоранд.
Толибон аз кормандони давлатӣ дар ин вилоят хостаанд, ки симои худро тағйир диҳанд, саллаву банданду риш гузоранд.
Вай таъкид кард, ки тамоми кормандони давлатӣ бояд суннатҳои исломиро риоя кунанду риш гузоранд.
Лентаи хабарҳо
0