https://sputnik.tj/20220123/mujohid-haq-dorem-mukholifon-bozdosht-kunem-1045074487.html
Муҷоҳид: Ҳақ дорем, мухолифонро боздошт кунем
Муҷоҳид: Ҳақ дорем, мухолифонро боздошт кунем
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамзамон бо иддаои боздошти ду зани муътариз дар Кобул тавассути гурӯҳи толибон сухангӯи ин гурӯҳ мегӯяд онон ҳақ доранд то “муххолифон ва касоне, ки қавонинро нақз мекунанд” боздошт ва зиндонӣ кунанд
2022-01-23T17:35+0500
2022-01-23T17:35+0500
2022-01-24T17:55+0500
афғонистон
толибон
мухолифон
осиёи марказӣ
боздошт
мухолифин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042341318_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_bca989e3216e2396af8c50d1ab6648ec.jpg
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ин мавзуъро Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон дар суҳбат бо хабаргузории “Франс-Пресс” шарҳ додааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Ба гуфтаи вай, дар ин сурат ба “сулҳу тартибот” халал ворид мешавад.Вай ҳамчунин боздошти Таммано Зарёб Парёнӣ ва Парвона Иброҳимхел, занони эътирозгар дар Кобулро рад кард.Аммо занони тазоҳургар таъкид мекунанд, ки ду нафари онҳо шабона аз сӯйи толибон боздошт ва ҳоло дар боздоштгоҳи ин гурӯҳ нигаҳдорӣ мешаванд.Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул (UNAMA) низ аз нопадид шудани Таммано Зарёб Парёнӣ ва Парвона Иброҳимхел изҳори нигаронӣ карда ва аз толибон хост, то дар бораи макони будубоши онҳо маълумот диҳанд.Толибон дар панҷ моҳи ахир барои занон маҳдудиятҳое ҷиддӣ ҷорӣ карда, онҳоро аз кор ва таҳсил маҳрум кардаанд. Ин маҳдудиятҳо боиси эътирози густурдаи занон шудааст. Эътирозгарон дар тазоҳуроти худ шиори "Нон, кор ва озодӣ" бардоштанд.Аммо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид таъкид кард, ки ҳукумати толибон ба ҳуқуқи занон “мувофиқи тафсири шариати исломӣ” бовар доранд.Аммо санаи иҷозаи бозгашти духтарон ба мактабро пешниҳод накард ва танҳо гуфт, ки ин кор имкон дорад, "соли оянда" роҳандозӣ шавад.
https://sputnik.tj/20220123/rahpaymoi-mardon-kobul-himoyat-az-hijobi-islomi---video-1045072995.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042341318_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_adb703d6cdace294eb3b9b48ebb40a1c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, осиёи марказӣ, мухолифон, боздошт, ҳақ, толибон
афғонистон, осиёи марказӣ, мухолифон, боздошт, ҳақ, толибон
Муҷоҳид: Ҳақ дорем, мухолифонро боздошт кунем
17:35 23.01.2022 (Навсозишуда: 17:55 24.01.2022) Ҳамзамон бо иддаои боздошти ду зани муътариз дар Кобул тавассути гурӯҳи толибон сухангӯи ин гурӯҳ мегӯяд, онон ҳақ доранд, то “муххолифон ва касоне, ки қавонинро нақз мекунанд”, боздошт ва зиндонӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ин мавзуъро Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон дар суҳбат бо хабаргузории “Франс-Пресс” шарҳ додааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
“Ҳеҷ кас набояд даст ба бесарусомониҳо занад”, - гуфт ӯ;
Ба гуфтаи вай, дар ин сурат ба “сулҳу тартибот” халал ворид мешавад.
Вай ҳамчунин боздошти Таммано Зарёб Парёнӣ ва Парвона Иброҳимхел, занони эътирозгар дар Кобулро рад кард.
Аммо занони тазоҳургар таъкид мекунанд, ки ду нафари онҳо шабона аз сӯйи толибон боздошт ва ҳоло дар боздоштгоҳи ин гурӯҳ нигаҳдорӣ мешаванд.
Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул (UNAMA) низ аз нопадид шудани Таммано Зарёб Парёнӣ ва Парвона Иброҳимхел изҳори нигаронӣ карда ва аз толибон хост, то дар бораи макони будубоши онҳо маълумот диҳанд.
Толибон дар панҷ моҳи ахир барои занон маҳдудиятҳое ҷиддӣ ҷорӣ карда, онҳоро аз кор ва таҳсил маҳрум кардаанд. Ин маҳдудиятҳо боиси эътирози густурдаи занон шудааст. Эътирозгарон дар тазоҳуроти худ шиори "Нон, кор ва озодӣ" бардоштанд.
Аммо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид таъкид кард, ки ҳукумати толибон ба ҳуқуқи занон “мувофиқи тафсири шариати исломӣ” бовар доранд.
“Ҳатто бидуни дархост (аз ҷомеаи ҷаҳонӣ) мо чунин мешуморем, ки занон бояд кор кунанд ва таҳсили худро идома диҳанд”, – гуфт сухангӯи толибон.
Аммо санаи иҷозаи бозгашти духтарон ба мактабро пешниҳод накард ва танҳо гуфт, ки ин кор имкон дорад, "соли оянда" роҳандозӣ шавад.