https://sputnik.tj/20220123/darguzashti-sobiq-korgardoni-tojikfilm-dar-rusiya-1045072639.html
Даргузашти коргардони собиқи "Тоҷикфилм" дар Русия
Даргузашти коргардони собиқи "Тоҷикфилм" дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Расмӣ Ҷабраилов, ҳунарманди зодаи Доғистон, ки ду сол коргардони "Тоҷикфилм" низ буд, даргузашт
2022-01-23T15:00+0500
2022-01-23T15:00+0500
2022-01-24T17:00+0500
фарҳанг
дар русия
коргардон
даргузашт
театри ба номи маяковский
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/17/1045071334_0:0:2925:1645_1920x0_80_0_0_2b213e89964279e28f330b19c0dd69e9.jpg
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Расмӣ Ҷабраилов, коргардон ва ҳунарпешаи хидматнишондодаи Русияи шӯравӣ дунёро дар синни 89-солагӣ падруд гуфт. Дар ин бора Театри академии Маскав ба номи Маяковский дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод. Дар мавриди сабаби марг чизе гуфта нашудааст, танҳо зикр гардидааст, ки Ҷабраилов муддати тӯлонӣ бемор буд. Ҳамкорони Ҷабраилов инчунин аз ҳунари ӯ тавсиф кардаанд, ки нақшҳои гуногуни мусбату манфиро хеле ҷаззобу табиӣ меофарид. Расмӣ Ҷабраилов 8 декабри соли 1932 дар деҳаи Кассумкенти Доғистон таваллуд шуда, соли 1955 факултаи ҳунарпешагии ГИТИС ва соли 1961 факултаи коргардониро хатм намудааст. Аз соли 1961 давоми ду сол Ҷабраилов дар "Тоҷикфилм" ба ҳайси коргардони дуюм фаъолият намудааст. Аз соли 1993 ҳунарпешаи "Иттиҳоди актёрҳои Таганка" ва аз соли 2002 узви тими Театри академии Маскав ба номи Маяковский будаст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/17/1045071334_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_a54554195f5a5009224c851fb2335245.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт, коргардон, тоҷикфилм, русия, ҷабраилов, расмӣ
даргузашт, коргардон, тоҷикфилм, русия, ҷабраилов, расмӣ
Даргузашти коргардони собиқи "Тоҷикфилм" дар Русия
15:00 23.01.2022 (Навсозишуда: 17:00 24.01.2022) Ҳунарманди зодаи Доғистон, ки ду сол коргардони "Тоҷикфилм" низ буд, даргузашт
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Расмӣ Ҷабраилов, коргардон ва ҳунарпешаи хидматнишондодаи Русияи шӯравӣ дунёро дар синни 89-солагӣ падруд гуфт.
Дар ин бора Театри академии Маскав ба номи Маяковский дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод. Дар мавриди сабаби марг чизе гуфта нашудааст, танҳо зикр гардидааст, ки Ҷабраилов муддати тӯлонӣ бемор буд.
"Ҳамдардиямонро барои тамоми наздикони ҳунарманд баён мекунем. Барои ҳамаи кормандони театри Маяковский ин даргузашт талафоти ҷуброннопазир мебошад", - омадааст дар иттилоияи театр.
Ҳамкорони Ҷабраилов инчунин аз ҳунари ӯ тавсиф кардаанд, ки нақшҳои гуногуни мусбату манфиро хеле ҷаззобу табиӣ меофарид.
Расмӣ Ҷабраилов 8 декабри соли 1932 дар деҳаи Кассумкенти Доғистон таваллуд шуда, соли 1955 факултаи ҳунарпешагии ГИТИС ва соли 1961 факултаи коргардониро хатм намудааст. Аз соли 1961 давоми ду сол Ҷабраилов дар "Тоҷикфилм" ба ҳайси коргардони дуюм фаъолият намудааст.
Аз соли 1993 ҳунарпешаи "Иттиҳоди актёрҳои Таганка" ва аз соли 2002 узви тими Театри академии Маскав ба номи Маяковский будаст.